Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон қарзи пули барқ ба $335 млн расидааст


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон қарзи пули барқ ба 3,5 трлн сӯм (наздики 335 млн доллар) расидааст. Дар ин бора муовини раиси ширкати "Шабакаҳои барқии минтақавӣ"-и Узбекистон Ҷаҳонгир Обидҷонов дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Обидҷонов, танҳо қарзи шахсони воқеӣ аз пули барқ 2, 34 трлн сӯм (223 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

"Ҳаҷми қарз дар давоми ду моҳи ахир 40 млрд сӯм (3,8 млн доллар) коҳиш ёфт. Албатта, ба ин роҳандозии низоми биллингӣ сабаб шуд",-изҳор дошт ӯ.

Обидҷонов афзуд, ки дар Узбекистон аз ҳама бештар сокинони вилояти Самарқанд аз пули барқ қарздоранд, ки 655 млрд сӯм (62, 5 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG