Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон чӣ қадар ёрии башардӯстона гирифт ва ба мардум чӣ қадар расид? ВИДЕО


Тақсими бахше аз кумакҳои башардӯстона. Акс аз моҳи майи 2020
Тақсими бахше аз кумакҳои башардӯстона. Акс аз моҳи майи 2020

Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳ ва бахусус дар аҳди коронавируси нав аз хориҷ ба маблағи бештар аз 41 миллион доллар ёрии башардӯстона гирифтааст.

Муовини вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон, Ашӯрбой Солеҳзода, охири ҳафта дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ёриҳо аз васоили тиббӣ, орду равған, масолеҳи сохтмонӣ ва мошинҳои Ёрии таъҷилӣ иборат буданд ва, ба иддаои ӯ, "ба қишри ниёзманд ва шифохонаҳо расонда шуданд".

Ин дар ҳолест, ки дар як суҳбати сарироҳӣ чанде аз сокинон дар Душанбе гуфтанд, бо вуҷуди дармонда будан дар аҳди коронавирус кумаки башардӯстона нагирифтанд. Айни замон баъзеи онҳо тасдиқ карданд, ки ҳукумат як дафъа ба онҳо 400 сомонӣ додааст.

Ашӯрбой Солеҳзода мегӯяд, "кумакҳои башардӯстонаро ҳукуматҳои Русия, Кипр, Туркия, Фаронса, Бритониё, Чин, Узбекистон, Дания ва Кореяи Ҷанубӣ фиристоданд." Зоҳиран муовини вазири рушди иқтисод дар номааш ёриҳоеро баршумурдааст, ки тавассути Хадамоти гумрук то 1-уми ноябри имсол ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Бар илова чандин кишвару созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 кумаки молӣ кардаанд. Аз ҷумла, Сандуқи Байналмилалии Пул 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз ва ​Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар додаанд.

"МАВОДИ БЕҲДОШТӢ ДОДАНД, ОРДУ РАВҒАН НАДОДАНД"

Нигина Назарова, сокини ноҳияи Файзобод, мегӯяд, дар аҳди пандемия барои дарёфти ёрӣ ба мақомот муроҷиат кард, аммо посухи манфӣ гирифт. Мусоҳиби мо ҳамзамон афзуд, "фақат аз бунгоҳи тиббӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ маводи беҳдоштӣ доданд, вале орду равған надоданд."

Ба монанди ӯ аз даҳ нафари пурсидашуда дар Душанбе танҳо се кас гуфтанд, ки дар авҷи бемории коронавирус ҳукумат як дафъа барояшон чаҳорсад сомонӣ додааст.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Аз кумакҳои давлатӣ ба шумо ҳам чизе расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Як ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон ба Душанбе омадаву иҷоранишин аст ва ба далели маъюбӣ камбизоат шумурда мешавад. "Вале дар моҳи июн як дафъа аз тарафи Маркази исмоилия кумак гирифта будам. Орд ва маводи дигари хӯрокворӣ оварданд, лекин аз тарафи мақомот ҳеч ёрӣ набуд. Як рӯз ҳамшираи шафқат ному насаби аъзои оиларо навишт. Фикр кардам барои кумак расондан аст, лекин то ҳозир дарак нест", -- нақл кард ӯ.

БАҲСИ ТАҚСИМИ ЁРИҲОИ БАШАРДӮСТОНА

Бо оғози пандемияи COVID-19 ҳукумати Тоҷикистон аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ хост, барои муқобила бо ин беморӣ ба кишвар кумак кунанд. Дар дохили Тоҷикистон низ бо ташкили суратҳисоби вижа аз сокинон даъват карданд, барои муқобила бо коронавирус ба он маблағ гузаронанд.

Айни замон, дар ҷомеа ба шаффофият ва риояи адолат ҳангоми тақсими ёриҳои башардӯстона шубҳаҳо вуҷуд дорад. Қаблан кормандони тиб мегуфтанд, бо вуҷуди ба кишвар ворид шудани кумакҳо, либоси муҳофизатӣ ва васоили беҳдоштиро бо пули худ мехаранд. Мақомот чунин иддаоро пайваста рад кардаанд. Ҳоло масъулони бемористонҳо мегӯянд, аз ҳисоби кумакҳои башардӯстона бо васоили тиббиву муҳофизатӣ таъмин шудаанд. Онҳо ёриҳои шахсони алоҳида дар дохили кишварро дар оғози пандемия муҳим мешуморанд.

Интиқодҳо аз раванди тақсими ёриҳои башардӯстона замоне зиёдтар шуд, ки дар миёни дору ва васоиле, ки ширкати “Авеста Груп” тақсим кард, кумаки башардӯстонаи Чин дида шуд. Баъзе аз мунтақидон гуфтанд, мансабдорон ва ширкатҳои наздик ба онҳо ёриҳои кишварҳои хориҷиро аз номи худ тақсим мекунанд.

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ охири моҳи майи имсол раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд.

Ин ҳарфҳо ҳам шунида мешуд, ки кумакҳои башардӯстона, ки бештар аз маводи ғизоӣ иборат аст, дар ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навиштааст: "Вобаста ба ин масъала ба раҳбарияти Раёсати иттифоқи "Тоҷикматлубот" муроҷиат кунед."

"БЕДОДГАРӢ"-ҲОИ КОРОНАВИРУС

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои тақсими нодуруст, ё хешутаборбозӣ дар ҷараёни ироаи кумакҳои байналмилалӣ танқид кардаанд. Вазири молияи Тоҷикистон дар як суҳбаташ гуфта буд, шаффофияти харҷи маблағҳоро таъмин мекунанд.

Бино бар омори расмӣ, дар Тоҷикистон 182 ҳазор хонавода камбизоат ҳастанд. Бо шурӯи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистон ва Русия эҳтимол меравад, шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон то 26-уми декабр зиёда аз 13 ҳазор кас ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, 90 нафар ҷони худро аз даст додаанд. 12 ҳазору 657 кас шифо ёфтаанд. Омори ғайрирасмӣ бештар аз ин гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG