Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси бритониёӣ, ки ба СССР фирор карда буд, дар 98-солагӣ даргузашт


Ҷорҷ Блэйк, ҷосуси собиқи Бритониё, ки ба СССР фирор кард

Ҷорҷ Блэйк, ҷосуси бритониёӣ, ки ҳамзамон барои КГБ-и шӯравӣ кор мекард, дар 98 солагӣ дар Русия даргузашт.

Хадамоти амниятии Русия дар як баёния гуфтааст, ки “афсари беҳамто Ҷорҷ Блэйк даргузашт”.

Хабаргузории ТАСС бо нақли қавл аз ин изҳорот гуфтааст, ки “Блэйк сидқан кишвари моро дӯст медошт ва барои наҷоти инсонҳо дар солҳои пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ хидмат кардааст”.

Владимир Путин, президенти Русия аз Ҷорҷ Блэйк инсони олӣ ва беҳамто тавсиф кардааст.

Ҷорҷ Блэйк соли 1922 дар Ҳоланд ба дунё омадааст. Замони бачагиаш дар Ротердам ва Миср гузаштааст. Ӯ забони русиро дар Донишгоҳи Кэмбриҷ аз бар мекунад.

Соли 1944 дар Хадамоти истихборотии Британияи Кабир, ки бо номи МI6 маъруф аст, ба кор сар мекунад.

Ӯ солҳои 1950 шефтаи ақидаҳои коммунистӣ мешавад ва ихтиёран ба КГБ-и СССР ҳамкорӣ мекунад.

Ҳамкории Блэйк ошкор мешавад ва ӯро дар Британия барои додани иттилоъ ба СССР ба 42 соли зиндон маҳкум мекунанд, вале пас аз чанд сол ӯ аз зиндон фирор карда, то охири умр дар Русия зист.

XS
SM
MD
LG