Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Навалнийро шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" карданд


Мақомоти амниятӣ дар назди идораи Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний
Мақомоти амниятӣ дар назди идораи Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний

Вазорати адлияи Русия Бунёди Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия ва чанд созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсонро ба рӯйхати “агентҳои хориҷӣ” ворид кард.

Дар ин бора рӯзи 25-уми декабр Павел Чиков, раҳбари гуруҳи байналмилалии ҳуқуқи башари “Агора” хабар дод.

Охири моҳи август саломатии Алексей Навалний, ки аз сиёсатҳои ҳукумати Русия танқид мекунад, бад шуд. Ӯро пас аз чанд рӯзи табобат дар беморхонаи маҳаллӣ ба Олмон бурданд. Пизишкони Олмон гуфтанд, ки ӯро бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд кардаанд.

Нимаи моҳи декабр чанд расонаи маъруф ва худи Навланий таҳқиқот анҷом дода гуфтанд, ки ӯро Хадамоти махсуси Русия заҳролуд кардааст.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-и Русия соли 2012 қабул шуд. Дар аввал он ба созмонҳои ғайритиҷорие дахл дошт, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешуданд. Бештари созмонҳои ғайридавлатии Русия дар пайи қабули қонун беҳтар донистанд, ки фаъолиятро қатъ кунанд. Ҳоло ин "унвон" ба Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус Алексей Навалний ҳам дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи рус ин қонунро як навъ фишор ба созмонҳои "нодаркор" меноманд.

XS
SM
MD
LG