Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико озмоиши КОВИД-19-ро барои ҳамаи мусофирон аз Бритониё ҳатмӣ кард 


Яке аз фурудгоҳҳои Бритониё.
Яке аз фурудгоҳҳои Бритониё.

Амрико озмоиши вируси коронаро барои ҳамаи мусофироне, ки аз Бритониё ба он кишвар сафар мекунанд, ҳатмӣ кардааст.

Ин маҳдудияти нав дар пайи паҳншавии навъи тозаи вируси КОВИД-19 дар Бритониё, ки бо суръат сироят мешавад, аз 27-уми декабр ба иҷро гузошта мешавад.

Аксари кишварҳои аврупоӣ ҳам пас аз паҳншавии ин навъи вирус, парвозҳояшонро ба Бритониё қатъ карданд.

Бар асоси оморҳо, дар ҳоли ҳозир наздик ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар дар Бритониё ба коронавирус мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG