Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) дар бораи тасҳеҳи тақвими мусобиқот дар соли 2021 изҳорот пахш кард. Тибқи қарори нав Алмаато ду мусобиқаи бузургро баргузор хоҳад кард.
Ба иттилои Vesti.kz, мусобиқаи асосӣ ин рақобатҳои интихобии олимпӣ мебошад. Қаблан мусобиқаи интихобии Олимпиадаи Токио мебоист имсол барои гуштигирони Осиё дар Чин баргузор мешуд. Аммо бо сабаби вазъи душвор дар пасманзари пандемия, мусобиқа ба Бишкек (Қирғизистон) гузаронида шуд.
Баъдтар ба ташкили мусобиқа дар пойтахти Қирғизистон низ "мӯҳр зада шуд". UWW қарор кард, ки оғози рақобатҳоро ба соли 2021 мавқуф гузорад ва муддати тӯлонӣ ин сана танҳо моҳи апрел ва бидуни шумора буд.
Акнун маълум шуд, ки мусобиқаи интихобӣ дар Алмаато аз 9-ум то 11-уми апрел доир мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ роҳхатҳои олимпӣ гирифта мешавад.
Қобили қайд аст, ки фавран рӯзи дигар, 12-уми апрел, қаҳрамонии Осиё дар Алмаато оғоз меёбад. Ҳамин тариқ, гуштигирони кишварҳои Осиё имкон доранд, ки бидуни тағйир додани макони худ ду маротиба рақобат кунанд. Мусобиқот рӯзи 19-уми апрел хотима меёбад. Худи мавсими гуштӣ аз моҳи марти соли 2021 фаъол мешавад.
Бояд гуфт, ки то ҳоло ягон нафар аз Тоҷикистон дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ) ба Олимпиадаи Токио роҳхат нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, аз Тоҷикистон то имрӯз ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – дар риштаи бокс ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли оянда дар Токио баргузор мешавад, мушарраф шудаанд.
Ҳиҷоби Нилуфар Раҷабова духтари зиндонии наҳзатӣ Раҳматуллои Раҷабро маҷбурӣ аз сараш гирифтанд. Толибон бо фармони нав ҳиҷобу бурқаро маҷбурӣ ба сари занону бонувони афғон бор карданд.
Чанд рӯз пеш ба ҳамкасбони мо аз радиои озодӣ дар шаҳри Душанбе ҳамла сурат гирифт. Дар ин ҳамла ҳадди ақал панҷ ҷиноят содир шудааст: барқасд расонидани зарари ҷисмонӣ, таҳдид ба марг ва ба саломатӣ, азхуд кардани моликияти ғайр, халал расонидан ба фаъолияти касбии инсон ва шаҳрванд, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бидуни рақами қайди давлатӣ рондани воситаи нақлиёт дар дохили пойтахт ва ғ… аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки “обро бо хун нашӯста”, фаъолияти бемамонияти инсон ва шаҳрвандро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин намоянд ва омилони ҳамла ба хабарнигорон пайдо карда шуда, мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҷазо дода шаванд. Дар ғайри ин сурат аз ҷигари сӯхта нолае сар медиҳем, ки иҷобати он то ҳафт пуштатонро нобут хоҳад кард, бо эҳтиром идораи барномаҳои хабарии шабакаи иттилоотии “Ҷаҳоннамо”
ин Ҳукумат дигар роҳ надорад -"разделяй и властвуй", шиори он аст...Лекин оқибати кораш - турб мешавад
Бародар аввал ту таърихи точиконро хон ,бад фикрк акидаатро навис,Манкурт кист?Оё медони? барзагов
Кал агар табиб будӣ, сари худ даво намудӣ! Ягон фарди Бадахшон ҳаққи маънавии ҷудоиталабиро (сепаратизм) надорад, Тоҷикистон бо Бадахшон комил аст, Бадахшон бо Тоҷикистон! Мисле, ки сарро аз бадан ҷудо созӣ, ҳам сар мемирад, ҳам бадан. Истибдод фақат сокинони боми ҷаҳонро не, дигар манотиқи кишварро ҳам бо шеваҳои гуногун мекушад, садҳо бор марги мармузи сарбоз, марги мармузи муҳоҷир, марги мармузи маҳбусон, марги мармузи бетормуз дар сарҳад, чӣ қирғиз, чӣ афғон, чӣ Сурияву Ироқ ҳама аз дасти истибдод аст. Ҳаққи ҳалоли худро талаб мекунед, офарин аҳсан, вале зикре аз ҷудоиталабӣ ба забон наоред, нишонаи бешуурист.