Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Туркия таҳқиқи қазияи Шоҳсанам Ҳамидуллоеваро оғоз кард


Шоҳсанам Ҳамидуллоева, шаҳрванди Узбекистон.

Шаҳрванди 22-солаи Узбекистон Шоҳсанам Ҳамидуллоева, ки мегӯяд, дар шаҳри Ҷиврили Туркия мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтааст, гуфт, парвандаи ӯро пулиси ин кишвар зери назорат қарор додааст. Пештар Шоҳсанам Ҳамидуллоева шикоят карда буд, ки ӯро дар Туркия бар ивази пули калон фурӯхтанд.

Ба гуфтаи як корманди пулис, агар иддаои Ҳамидуллоева дар бораи он, ки ӯро дар хона иҷборан нигаҳдорӣ мекарданд, тасдиқ шавад, зидди дастандаркорон парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд. Ба огаҳии пулис, Ҳамидуллоева муваққатан ба хобгоҳи яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ интиқол дода мешавад.

"Ман модари бемор ва бародари ноболиғ дорам. Падарам даргузаштааст. Як зан маро барои марди турк хостгорӣ карда, бар ивази ман пули калон гирифтааст. Вақте ман ба Туркия рафтам, он мард зан доштааст. Ба ман инро нагуфта буданд. Ҳамсари якуми мард низ дар пайи шиканҷаву латтукӯб баромада рафтааст. Дар як вазъи ногувор қарор дорам. Онҳо ҷанг мекунанд, дод мезананд ва иҷборан кор мефармоянд. Хешовандони шавҳарам маро таҳқир мекунанд. Вақте ман гуфтам, ки иҷозат диҳанд то ба Узбекистон баргардам, онҳо гуфтанд, ки ман бояд нахуст пули додаашонро дубаробар баргардонам. Ҳар рӯз маро латтукӯб мекунанд. Ду бор қасди худкушӣ кардаам. Хоҳиш мекунам, маро наҷот диҳед", - гуфта буд Ҳамидуллоева дар як муроҷиатномаи видеоии худ.

XS
SM
MD
LG