Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди раиси Додгоҳи олии Қирғизистон парванда боз шудааст


Гулбара Калиева, раиси Додгоҳи олии Қирғизистон.
Гулбара Калиева, раиси Додгоҳи олии Қирғизистон.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев хабар дод, ки зидди раиси Додгоҳи олии ин кишвар Гулбара Калиева парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тошиев дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани раиси Додгоҳи олии Қирғизитстон "далелҳои кофӣ" дар даст доранд.

"Мо тамоми маводро ба Комиссияи интизомӣ додаем. Агар он розигӣ диҳад, мо ӯро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид. Ба назари мо, ӯ қонунро поймол карда, ба давлат зарар расондааст", - афзуд Тошиев.

Вале раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дақиқ нагуфт, ки раиси Додгоҳи олии он кишвар ба чи айбдор мешавад. Калиева аз 22 сентябри соли 2018 ба ин сӯ раиси Додгоҳи олии Қирғизистон аст.

Тошиев ҳамчунин афзуд, ки зидди тамоми додрасҳои Додгоҳи олии Қирғизистон санҷиш гузаронида хоҳад шуд. Ӯ барои намуна яке аз додрасҳои қирғизро ном гирифт, ки ҳамроҳи хонаводааш барои истироҳат ба шаҳри Дубай рафтааст.

XS
SM
MD
LG