Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар иқдоми ҷавобӣ ду дипломати сафорати Колумбияро ихроҷ кард


Фурудгоҳи шаҳри Богота, пойтахти Колумбия
Фурудгоҳи шаҳри Богота, пойтахти Колумбия

Ҳукумати Русия гуфт, ки дар посух ба ихроҷи ду дипломати рус аз Колумбия, ки ба қавли матуботи маҳаллӣ дар ҷосусӣ гумонбар шуданд, ду корманди сафорати ин кишвари Амрикои Ҷанубиро аз кишвараш хориҷ кард. Дар изҳороти рӯзи 23 декабри вазорати хориҷаи Русия гуфта мешавад, ки рӯзе аз ин пеш сафири Колумбия даъват шуда, ба ӯ дар робита бо ихроҷи “бесабаби” ду дипломат аз сафорати Маскав дар Богота эътироз баён шуд. Инчунин ба сафир дар бораи “шахсони номатлуб” эълон шудани ду дипломати колумбиягӣ хабар дода шуд. Колумбия гуфт, ки сабтиноми дипломатҳои рус бо сабаби фаъолиятҳои мухолиф бо Эъломияи равобити дипломатии Вена бекор карда шуд. Матбуоти маҳаллӣ гуфт, ки дипломатҳои рус машғули ҷамъоварии иттилои низомиву иқтисодӣ дар бораи захираҳои табиии Колумбия буданд. Оҷонсии муҳоҷирати Колумбия гуфт, ки ин ду дипломат 8 декабр кишварро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG