Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона аз ҳамсолонашон аз Эрон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Эрон 23-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд.
Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами меҳмонон оғоз ёфт ва онҳо дар дақиқаи 14-ум муваффақ гаштанд. Амир Иброҳимзода аз ҷаримагоҳ бо зарбаи сар тӯбро ба дарвозаи мизбонон зада, ҳисобро боз кард.
Баъди шаш дақиқа Алиакбар Ранҷбар голи дувуми мунтахаби Эронро ба самар расонд. Ӯ бо тӯб ба ҷаримагоҳ ворид шуда, зарбаи сахт зад ва дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сафармад Ғаффоровро маҷбур кард, ки тӯбро аз дохили дарвоза бигирад.
Ҳамин тариқ, нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи эрониҳо ба поён расид.
Дар ибтидои нимаи дувуми бозӣ футболбозони навраси тоҷик фаъолтар шуданд ва тавонистанд гол зананд. Ин ҳолат дар дақиқаи 58-ум рух дод. Тӯбро Бежан Нишонбойзода аз масофаи наздик ба дарвозаи мунтахаби наврасони Эрон ворид кард. Ҳисоб тағйир ёфт – 1:2.
Аммо пас аз 19 дақиқа ҳуҷуми меҳмонон бо гол анҷомид. Тӯбро аз масофаи тахминан 18 метр бо зарбаи сахт Муҳаммадризо Кушкӣ ба ҳадаф расонд – 3:1.
Баъди чаҳор дақиқа Ёдгор Рустамӣ голи чаҳоруми мунтахаби Эронро вориди дарвозаи мизбонон кард. Ӯ дар ҷаримагоҳ аз се нафар гузашт ва дарвозабони мизбонон ҳам натавонист садди роҳаш шавад.
Ба ин тартиб, бозии дӯстона бо пирӯзии мунтахаби наврасони Эрон бо ҳисоби бузурги 4:1 хотима ёфт.
Бояд гуфт, аз дақиқаи 23-юм то охири бозӣ ҳайати мунтахаби Эрон як нафар кам буд. Зеро дар яке аз лаҳзаҳо дарвозабони эрониҳо Муҳаммадсодиқ Солеҳӣ дар бархӯрд муқобили бозигари мизбонон Амирҷон Фаррухзод қоидаи бозиро вайрон кард. Сардовари бозӣ Абдулло Давлатов аз ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон ба Солеҳӣ корти сурх нишон дод ва ӯ аз майдон хориҷ шуд. Ба ҷойи яке аз бозигарони эронӣ дарвозабони эҳтиётӣ Масеҳ Муродӣ ба майдон омад.
Бояд гуфт, ки аз дақиқаи 23-юм то охири бозӣ ҳайати мунтахаби Эрон як нафар кам буд. Зеро дар яке аз лаҳзаҳо дарвозабони эрониҳо Муҳаммадсодиқ Солеҳӣ дар бархӯрд муқобили бозигари мизбонон Амирҷон Фаррухзод қоидаи бозиро вайрон кард. Сардовари бозӣ Абдулло Давлатов аз ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон ба Солеҳӣ корти сурх нишон дод ва ӯ аз майдон хориҷ шуд. Ба ҷойи яке аз бозигарони эронӣ дарвозабони эҳтиётӣ Масеҳ Муродӣ ба майдон омад.
Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистону Эрон рӯзи шанбеи 26-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки мунтахабҳои наврасони ҳарду кишвар худро барои рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, омода мекунанд.
Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони зери 16-сола, ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои мунтахаби Умон, Яман ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистону Эрон баргузор мешаванд. Бозии аввали ин дастаҳо рӯзи панҷшанбеи 24-уми декабр ва бозии дигар рӯзи якшанбеи 27-уми декабр доир мегарданд.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:4
Голҳо: Амир Иброҳимзода, 14 (0:1). Алиакбар Ранҷбар, 20 (0:2). Бежан Нишонбойзода, 58 (1:2). Муҳаммадризо Кушкӣ, 77 (1:3). Ёдгор Рустамӣ, 83 (1:4).
Тоҷикистон (U-16): Сафармад Ғаффоров, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Аҳтамов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (Шаҳриёри Иноятулло, 46), Ҳукмиддин Шодмонов, Бежан Нишонбойзода, Азизбек Далиев (Абдулфаттоҳи Худойдодзода, 46), Кабир Салимшоев, Аббос Андалебов (Меҳрубон Каримов, 80), Суннатулло Азизов (Хуршед Давлатзода, 76), Амирҷони Фаррухзод (Асадбек Ҷӯрабекзода, 69).
Эрон (U-16): Солеҳи Муҳаммадзода, Амирҳусейн Саҳофӣ, Фардин Баҳрӣ, Муҳаммадризо Кушкӣ (Муҳаммад Аббосгулизода, 90), Сунҳон Камолванд (Масеҳ Муродӣ, 26), Саҷҷоди Ходимӣ (Ёдгор Рустамӣ, 58), Алиакбар Ранҷбар (Мирсад Сулаймонӣ, 90), Аршиа Каримӣ, Субҳон Нодирӣ (Алиризо Иноятзода, 26), Амир Иброҳимзода (Ясин Ҷаъфаричашмӣ, 58), Сино Ғамсимӣ.
Огоҳӣ гирифтанд: Амирҷони Фаррухзод, Меҳрубони Абдурауф, Меҳрубон Каримов (Тоҷикистон), Амирҳусейн Саҳофӣ, Фардин Баҳрӣ (Эрон).
Аз майдон хориҷ шуд: Солиҳи Муҳаммадзода (Эрон), 23.
Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).
23-юми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.