Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои Тоҷикистон


Моҳи маи соли 2019, қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд
Моҳи маи соли 2019, қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда аз эҳтимоли фаромадани тарма ҳушдор додааст. Кумита бо такя ба маълумоти маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд, ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 26-уми декабр то 10 дараҷа гарм мешавад. Бинобар ин, эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳи мошингарди қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳи Душанбе-Чаноқ вуҷуд дорад. Аз ронандагон дархост шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтиёт кор бигиранд. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, феълан роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, ҳамчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод боз мебошанд. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ҳолест, ки рӯзи 21 декабр дар пайи ду садамаи ҷудогонаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ду нафар ба ҳалокат расид. Аз ҷумла, шоми он рӯз бар асари чаппа шудани як мошини “Тойота-Прада” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон мусофири он - як зани 33-сола ҷон бохт. Ҳамчунин дар ҳамон вақт дар ҳудуди ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ дар пайи ба ҷарии умқаш 80 метр чаппа шудани мошини тамғаи “Муссо” ронандаи 22-солааш ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG