Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои муҳоҷиронаш аз Русия ваксина мехарад


Ваксинаи сохти Русия.
Ваксинаи сохти Русия.

Узбекистон барои муҳоҷирони кории худ, ки ба Русия мераванд, 1 миллион моя ваксинаи русии "Спутник V" зидди коронавирус фармоиш додааст. Дар ин бора сафири Русия дар Тошканд Владимир Тюрденев хабар дод.

"Дар бораи харидории 1 миллион моя ваксинаи дигар барои муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, созишнома имзо шудааст",-гуфт дипломати рус дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд.

Ба гуфтаи сафири Русия, интизор меравад соли равон барои харидории ваксинаи дувуми русии зидди коронавирус бо номи "Эпиваккорона" қарордод ба имзо расонида шавад.

Вазири савдо ва саноати Русия Денис Мантуров моҳи декабр 100 моя ваксинаи "Спутник V"-ро барои ба қайдгирӣ, озмоиш ва истеҳсол дар Узбекистон шахсан ба Тошканд бурда буд.

Дертар маълум шуд, ки мақомоти Узбекистон ба сармоягузорони истеҳсоли ваксинаи русии зидди коронавирус пешниҳод кардаанд, ки дар коргоҳи дорусозии "Tashkent Pharma Park​" истеҳсоли онро ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG