Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба бозиҳои дӯстона бо Эрон эълон шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон, ҳайати дастаро ба бозиҳои дӯстона бо ҳамсолонашон аз Эрон эълон кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар Душанбе ҷараён дорад, 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд.

Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 24-ум ва 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки мунтахабҳои ҷавонони ҳарду кишвар худро барои рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, омода мекунанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё (U-19), ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии дӯстона бо мунтахаби Эрон:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Русия);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Бозиҳои дӯстона

24 декабр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

27 декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG