Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ барои Узбекистон $500 млн ҷудо мекунад


Мулоқоти масъулини ҳукумати Узбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ.
Мулоқоти масъулини ҳукумати Узбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ қарор дар бораи ҷудо кардани 500 миллион долларро ба Узбекистон дар доираи таҷрибаи дастгирии сиёсати рушд қабул кард.

Дар иттилоияи бонк омадааст, ки ин пул бо мақсади мусоидат дар иҷрои ислоҳотҳои минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии шаффоф дар Узбекистон ҷудо карда шудааст.

Дар Узбекистон дар ҳоли ҳозир 25 лоиҳа бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли иҷрошавӣ қарор дорад. Кумакҳои техникиву молии бонк ба бахшҳои ислоҳоти макроиқтисодӣ, хоҷагии қишлоқ, тандурустӣ, маориф, обёрӣ, беҳдоштӣ, энержӣ, нақлиёт, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди зербиноии шаҳру деҳот равона карда мешаванд.

Моҳи августи соли равон хабар дода шуд, ки Узбекистон барои мубориза бо пандемияи коронавирус аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бунёди байналмилалии асъор беш аз 1 миллиард доллар қарз гирифтааст.

Қарзи хориҷии Узбекистон аз аввали соли равон 5 миллиард доллар зиёда шуда, ба 29,3 миллиард расидааст.

XS
SM
MD
LG