Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дастёр"-и Маҳмурод Одинаевро озод карданд


Зулфиқор Одинаев дар нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров ширкат дошт
Зулфиқор Одинаев дар нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров ширкат дошт

Зулфиқор Одинаев “дастёр"-и Маҳмурод Одинаев, як фаъоли сиёсӣ пас аз 15 рӯзи боздошт дар Ҳисор озод шудааст.  

Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор нигаҳдорӣ мешуд.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ба зангҳои мо посух надоданд ва ҳанӯз сабаби боздошт ва раҳо кардани Зулфиқор Одинаев маълум нест.

"БО РАСОНАҲО СӮҲБАТ НАКУНЕД"

Наздикони ӯ мегӯянд, дар муддати 15 рӯзи боздошт ӯ бо вакили мудофеъ таъмин нашуда буд ва ҳеҷ иттиҳоме низ нисбаташ эълон нашуда буд. Пас аз раҳоӣ ба ӯ ва наздиконаш таъкид кардаанд, ки бо расонаҳо сӯҳбат накунанд.

Ин ҷавон аз пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аст, ки ӯро рӯзи 5-уми декабр бо иттиҳоми авбошӣ боздошт карданд. Бархеҳо боздошти ӯро ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт медиҳанд.

Зулфиқор рӯзи 4-уми декабр ҳангоми нишасти хабарӣ дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар канори Раҳматилло Зойиров нишаста буд ва баъди ин нишаст дар манзиле, ки Маҳмурод Одинаев пинҳон буд, ҳарду боздошт шуданд.

Пайвандони Зулфиқор Одинаев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ рӯзи 19-уми декабр озод шуд ва ҳоло назди хешовандонаш аст. Ба гуфтаи онҳо, Зулфиқор саломат аст, вале дар бораи ин ки чӣ хел боздошт шудааст ва дар вақти боздошт аз ӯ чӣ пурсиданд, ҳарфе намезанад.

“Аз УБОП(Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутташакили ВКД) занг заданду гуфтанд, ки Зулфиқор бо ҳеҷ журналист гап назанад. Намедонем, аслан чӣ гап аст. Дар бораи Маҳмурод Одинаев аслан гап намезанад”, --гуфт ӯ.

ҚАЗИЯИ МАҲМУРОД АЗ КУҶО ОҒОЗ ШУД?

Зулфиқор Одинаев, писари Юсуф Одинаев, бародари Маҳмурод Одинаев ва фарзанди ягона дар оила аст.

Аз Маҳмурод Одинаев пас аз боздошташ ҳеҷ хабаре нест. Мақомот мегӯянд, ҳангоми бурдани писараш ба комиссариати ҳарбии Ҳисор ӯ авбошона рафтор кардааст ва масъулони ҷалби ҷавонон ба сафи артишро таҳқир кардааст. Иттиҳоме, ки ҷонибдорони ӯ беасос медонанд ва мегӯянд, ӯро пас аз даъвати тазоҳурот дар Душанбе бо иттиҳоми сохта боздошт карданд. Се моҳи пеш Шайхмуслиҳиддин Ризоев, як писари Одинаевро, ки ронандаи таксӣ буд, бо гумони лату куби як муштарӣ боздошт карданд. Баъдан, писари дуюми ӯро барои сафарбар кардан ба артиш ба комиссариати ҳарбии Ҳисор бурданд. Одинаев иддао карда буд, ки писарашро "облава" кардаанд ва ӯ бемор буда, имкони рафтан ба артишро надорад. Писари ӯро раҳо карданд, вале нисбат ба худаш парванда боз карданд.

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари пешини Маҳмурод Одинаев пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз боздошти шавҳараш ду ҳафта мегузарад, вале ҳанӯз ҳам дараке аз ӯ нест.

Ӯ гуфт, ҳанӯз бо ҳамсараш дар боздоштгоҳ мулоқот накардааст.

“Мо мехоҳем барои Маҳмурод адвокат гирем, лекин ҳеҷ ҳарфе намезананд”,--гуфт ӯ.

Ҳамсари пешини Одинаев мегӯяд, мақомот аз ӯ хостанд, ки барои кирдорҳои шавҳараш аз кормандони комиссариати ҳарбии Ҳисор узр пурсад. Ӯ гуфт, ин корро анҷом додааст ва умедвор аст, ки шавҳараш озод мешавад.

Шайхмуслиҳиддин Одинаев писари дигари Маҳмурод Одинаев низ дар боздошт аст. Меҳрнигор Ризоева гуфт, аз ҳақи писараш вакили Маркази мустақили ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дифоъ хоҳад кард.

ЗОИРОВ: "ЯГОН ФАКТ РАД ВА ТАСДИҚ НАШУДААСТ"

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки мақомот Одинаевро ба авбошӣ айбдор кардан мехоҳанд, вале “ҳоло ягон факт на исбот, на инкор нашудааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр гуфт, Маҳмурод Одинаевро дар ҳамин рӯз ва барои он дастгир кардаанд, ки моҳи октябр дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор "дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Иттиҳомҳое, ки тарафдорони Одинаев онро беасос медонанд.

XS
SM
MD
LG