Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи тоҷикро дар Русия барои маҷрӯҳ кардани се нафар боздошт карданд


Дар Русия бисёр муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо аз роҳи таксиронӣ пул ба даст меоранд

РИА Новости менависад, ки як ронандаи тоҷик дар шаҳри Тюмени Русия сабабгоҳи садамаи автомобилӣ шуд ва ҳангоми ҳаракат ба самти истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ се нафарро маҷрӯҳ кард. Ду нафари осебдидаҳо, ки якеаш духтари 14-сола будааст, ба бемористон бурда шуданд. Ба марди дигар дар ҷои ҳодиса ёрии тиббӣ расониданд. Хадамоти матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Тюмен мегӯяд, дар паси чанбари мошини “Тойота” ронандаи 29-солаи зодаи Тоҷикистон нишаста буд. Мусофири ин мошин ба нозирони роҳ нақл кардааст, таксие, ки киро кард, бо нақзи қоидаҳои роҳ ҳаракат мекард.

XS
SM
MD
LG