Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: 44 зан дар Суғд қурбони хушунати хонаводӣ шудаанд


Хушунат нисбати занон мушкили ҷиддии бисёр ҷомеаҳо мебошад. Ин акси зане аз Афғонистон аст, ки осори сӯхтагӣ дар танашро намоиш медиҳад
Хушунат нисбати занон мушкили ҷиддии бисёр ҷомеаҳо мебошад. Ин акси зане аз Афғонистон аст, ки осори сӯхтагӣ дар танашро намоиш медиҳад

Дар вилояти Суғд дар ду соли охир 44 зан бо сабаби хушунати хонаводагӣ ба ҷони худ қасд намудаанд. Дар ин бора оҷонсии “Азия-Плюс” бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят иттилоъ додааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ин занҳо бо сабаби бадрафторӣ аз ҷониби шавҳару хушдоманҳояшон худкушӣ кардаанд. Додситонӣ мегӯяд, дар пайи ин ҳодисаҳо баъзе аз шавҳарон ва хушдоманҳову як падарарӯс ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ҷанҷолҳои хонаводагӣ беш аз 800 нафар ба Раёсати кор бо занон ва оилаи Суғд муроҷиат кардаанд.

XS
SM
MD
LG