Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" телефони боварӣ ҷорӣ кард. Оё барқ бемаҳдудият дода мешавад?


Корхонаи "Барқи тоҷик" соли ҷорӣ барои ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ дар авҷи сармо мавриди интиқод қарор гирифт
Корхонаи "Барқи тоҷик" соли ҷорӣ барои ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ дар авҷи сармо мавриди интиқод қарор гирифт

Ширкати “Барқи тоҷик” аз фаъол намудани се рақами телефонҳои боварӣ хабар медиҳад. Ба қавли манбаъ, ин телефонҳо бо мақсади риояи низоми истифодаи сарфакоронаи барқ ва ҳам ошкор намудани дуздии он ба кор андохта шудааст. Ширкат мегӯяд, навбатдоронаш ҳар занги телефониро ба қайд гирифта, фавран ба танзимгарон ва масъулони таъминотӣ дар минтақаҳо мерасонанд. Айни замон, Вазорати корҳои дохилӣ, ки раҳбарии ситоди масхсусро оид ба истифодаи нерӯи барқ бар зимма дорад, се ҳолати истифодаи ғайриқонунии онро дар шаҳри Ваҳдат ошкор кардааст. Дар иттилоияи вазорат омадааст, аз ҷумла дар як дӯкон ва ду нуқтаи хӯроки тезтайёр барқро бидуни ҳисобкунак истифода бурдаанд. Дар натиҷа фаъолияти ин нуқтаҳо манъ карда шуд. Охири ҳафтаи гузашта муовини нахуствазир Усмоналӣ Усмонзода, бо ширкати намояндагони ҳукумативу мақомоти шаҳрдории Душанбе машаврати корӣ доир карда, таъкид намудааст, ки дар сурати оқилона истифода набурдани нерӯи барқ дар ба мисли дигар минатқаҳои Тоҷикистон дар Душанбе низ эҳтимоли ҷорӣ намудани лимити барқ вуҷуд дорад. Дар Кӯлоб, бо дастури раиси шаҳр тариқи мошинҳои сайёр бо баландгӯякҳо мардумро ба сарфакории нерӯи барқ даъват доранд.

XS
SM
MD
LG