Футболбозони бошгоҳи футболи "Улсан Хюндай" аз Кореяи Ҷанубӣ дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) тими "Персеполис" -и Эронро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Ин бозӣ рӯзи 19-уми декабр дар варзишгоҳи "Ал-Ҷануб"-и шаҳри Эл-Вақраи Қатар баргузор шуд.
Тибқи иттилои сомонаи the-afc.com, дар охири нимаи аввали дидор "Персеполис" ба туфайли зарбаи дақиқи ҳамлагари эронӣ Меҳдӣ Абдӣ Ғар (дақиқаи 45-ум) ҳисобро кушод.
Баъдан Юниор Негаои бразилӣ ду гол (45 + 4, 55 - ҳарду аз пеналтӣ) зада, "Улсан Ҳюндай"-ро ғолиб кард.
Ҳамин тариқ, дастаи шаҳри Улсан барои дувумин бор дар таърих ғолиби ин мусобиқа гардид. Бори аввал бошгоҳи "Улсан Ҳюндай" соли 2012 дар Лигаи қаҳрамонҳои АFC пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 бошгоҳи “Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ ғолиби ин мусобиқа гардид.
Бояд гуфт, ки "Улсан Ҳюндай" ҳуқуқи ширкат дар қаҳрамонии бошгоҳии ҷаҳониро, ки рӯзҳои 1-11-уми феврали соли 2021 дар Қатар баргузор мешавад, ба даст овард.
Зимнан, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки моҳи январи имсол дар рақобатҳои муқаддамотӣ дар меҳмонӣ “Локомотив”-и Тошкандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд, дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 дар сафар аз бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа маҳрум гашт.
Боз ҳам суол бармегардад ба худи мақомот, чун ӯро ҷое нагурезонданд ва гуноҳро иқрор карда дасти мақомот таслим карданд. Дигар натиҷаро додгоҳ бароварда ва суол ҳам ҳамин аст, ки оё қонун барои ҳама баробар аст?
Дар 5 сол якум бор хабари хуш омад
Чавонони точик бе ягон аблава ба хизмат мераван лекин сабаб дар чи бошадки аблаваро специально снимат мекунанду дар интернет регулярно мепартоянд. Ман фигр мекунам хамаи ин корхо баркастона токи чавононро аз рафтан ба хизмат тарсонанд, чунки точикистон кувати хурондану пушондани аскархоро надорад. Агар аз статистикаи чахони гирем хар як давлат бояд дар хар як миллион ахолияш хафт хазор аскар дошта бошад, ва точикистони мо низ дар нух миллион ахоли 63 хазор аскар бояд дошта бошад. Барои хамин облава ташкил карда ва дар бораи дедовшина гап мезанан барои тарсондан.
Масчид бошад яъне намозгузори дар рохи Оллох-Худои яка ва Хазрати Мухаммад сав, хамма аз чиноят ва беакли даст мекашад, бояд забони арабиро биомузем то бесаводон гумрох накунанд моро!
Алхамдулиллох