Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тед Липйен президенти нави Радиои Озодӣ шуд


Тед Липйен

Тед Липйен, корманди пешини "Садои Амрико", президенти нави Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шуд. Таъйини ӯ 18-уми декабр ва аз тарафи Майкл Пак, раиси USAGM (Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида) сурат гирифт.

Липйен қаблан раиси бахши лаҳистонии "Садои Амрико" буд. Вай пайваста ёдоварӣ мекунад, ки дар замони коммунистӣ будани низоми Полша (Лаҳистон) ба барномаҳои Радиои Озодӣ гӯш медод.

Майкл Пак дар изҳороте гуфт, "касе беҳтар аз Тед фаъолияти гуногунсамту миссия ё рисолати расонаҳои байнулмилалии Амрикоро намедонад." Вай дар идома Тед Липйенро "пуштибони содиқи демократия" номид.

Тед Липйен дар Фейсбук навишт, ифтихор дорад, ки ба ӯ масъулияти кумак ба созмони обрӯмандро супурданд, то ба "шикастани сонсур (сензура) ва додани минбар ба онҳое, ки даҳонашонро бастан мехоҳанд" идома диҳад.

Липйен пас аз он ки корро дар "Садои Амрико" тарк карда буд, ба таври муназзам ва ҷиддӣ роҳбарони Бунгоҳи расонаҳоро танқид мекард, аммо аз омадани Майкл Пак ба мақоми раиси USAGM ситоиш карда буд.

Таъиноти ахир дар ҳоле сурат мегирад, ки то замони савгандёдкунии Ҷо Байден ҳамчун раиси ҷумҳури нави Амрико як моҳи дигар мондааст. Байден дар Кохи Сафед президент Доналд Трампро иваз хоҳад кард. Касе, ки тобистони имсол коргардони муҳофизакор Майкл Пакро раиси USAGM таъин кард ва ин тасмим норозигии демократҳоро ба бор овард. Байден ва гурӯҳаш гуфтаанд, иқдомоти Пакро ба таври пурра баррасӣ мекунанд.

Демократҳо ва баъзе аз ҷумҳурихоҳон нигаронанд, ки мумкин аст Пак саъй кунад дидгоҳҳои сиёсии худро ба расонаҳои зери назораташ таҳмил кунад. Як додраси додгоҳи федерол моҳи ноябри имсол ҳукм кард, ки Пак дар бозтоби хабарҳо ва ҳайати таҳририя хилофи Қонуни асосӣ рафтор кардааст ва дастур дод, дар ин замина дахолат накунад.

Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, Радиои Осиёи Озод, Шабакаи суханпароканӣ дар Ховари Миёна, Дафтари суханпароканӣ дар Куба ва Хазинаи Фанновариҳои Бозро назорат мекунад. Ниҳодҳои узви USAGM бо буҷаи муштараки 798 миллион доллар бо пуштибонӣ аз арзишҳои демократӣ дар беш аз сад кишвар матолиб пахшу нашр мекунанд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз лиҳози касбӣ озод буда, бо 27 забон барнома омода мекунад ва ҳар ҳафта беш аз 37 миллион нафарро дар 23 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русияву Украина ва Эрону Афғонистон фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG