Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео гуфт, "дар паси ҳамлаҳои сайберӣ Русия меистад"


Дар акс: Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико
Дар акс: Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико

Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Русия дар пушти ҳамлаҳои кибернетикӣ ё сайберӣ ба чандин идораи давлатии Иёлоти Муттаҳида меистад. Майк Помпео 18-уми декабр ҳамларо "қобили таваҷҷуҳ" хонд ва афзуд, "фикр мекунам, акнун метавонем комилан рӯшан бигӯем, ки ин корро русҳо карданд." Ба қавли ӯ, дар ин ҳамлаи сайберӣ аз як пора ё қитъаи нармафзор барои ҷой кардани "код" дар системаҳои давлатии Амрико истифода шудааст. Президент Доналд Трамп ба таври ошкор ба ин масъала напардохт. Коршиносони амниятӣ мегӯянд, ҳамлаи сайберӣ имкони дастрасии ҳамлаваронро ба иттилоти ҳассоси давлатӣ имконпазир мегардонад. Бори аввал дар бораи ин ҳамла рӯзи 13-уми декабр гузориш доданд. Баъзе аз мақомоти амрикоӣ гуфта буданд, ки ҳакерҳои мустақар дар Русия ба ин кор гумонбаранд.

XS
SM
MD
LG