Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Беларус барои тақвияти ҳамкориҳои амнияти марзӣ  ба мувофиқа расиданд


Низомиёни Росгвардия
Низомиёни Росгвардия

Русияву Беларус созишномаи нави ҳамкориро имзо карданд ва бар асоси он, ба низомиёни Горди миллии Русия (Росгвардия) иҷоза дода мешавад, ки дар хоки Беларус дар амалиёти полису амниятиҳо иштирок кунанд. Росгвардия ба таври мустақим ба Кремл итоат мекунад. Як вебсайти ҳукуматии Беларус, ки маводи ҳуқуқӣ нашр мекунад, рӯзи 18-уми декабр матни созишномаи 4-саҳифагии вазорати дохилии Беларус ва Хадамоти федеролии Росгвардияро нашр кад. Ин санад, ки аз таърихи 19 ноябр аст, билофосила мавриди иҷро қарор мегирад. Дар санад омадааст, ки “ба хотири кӯмак ва манфиати тарафи дуюм” ҳарду ҷониб метавонанд дар амалиёти густурда дар қаламрави ҳамдигар иштирок кунанд.

Созишномаи мазкур дар ҳолест, ки нирӯҳои амниятии вафодор ба Александр Лукашенко ҳамоно ба саркӯби эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентии 9 август идома медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки бо натиҷаҳо розӣ нестанд. Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбарии Беларусро ба ӯҳда дорад, пештар аз ин президенти Русия Владимир Путин барои саркӯби эътиорозҳо ёрӣ хоста буд. Санади нави ҳамкории миёни Беларус ва Русия домани ҳамкориҳои миёни ду кишварро дар бахши таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо экстремизму терроризм ва тақвияти соҳаи энержӣ фарохтар мекунад.

XS
SM
MD
LG