Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ варзишгари муваффақи ҷаҳон дар соли 2020


Леброн Ҷеймс, баскетболбози маъруфи амрикоӣ.
Леброн Ҷеймс, баскетболбози маъруфи амрикоӣ.

Нашрияи амрикоии The International Business Times феҳристи даҳ муваффақтарин варзишгари соли 2020-ро тартиб дод.

Баскетболбоз Леброн Ҷеймс аз бошгоҳи касбии амрикоии «Лос-Анҷелес Лейкерс» дар садри феҳрист қарор гирифт.

Ҷойи дувумро муштзани ММА Ҳабиб Нурмагомедови русиягӣ ишғол намуд. Размикори маъруфи доғистонӣ Ҷастин Гейҷиро аз Амрико шикаст дод ва бори севум камарбанди қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард.

Муштзани бритонӣ Тайсон Фюри мақоми севумро соҳиб шуд. Ӯ камарбанди қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияи WBC-ро ба даст овард.

Даҳгонаи муваффақтарин варзишгарони соли 2020:

1. Леброн Ҷеймс — баскетбол.

2. Ҳабиб Нурмагомедов — якҳарбаи омехта.

3. Тайсон Фюри — бокс.

4. Рафаэл Надал — теннис.

5. Энтони Дэвис — баскетбол.

6. Люис Ҳэмилтон — пойгаи автомобилӣ.

7. Ҳарри Кейн — футбол.

8. Патрик Маҳоумс — футболи амрикоӣ.

9. Наоми Осака — теннис.

10. Теофимо Лопес — бокс.

XS
SM
MD
LG