Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, Русия бо СОVID-19 муқовимати "хуб" кардааст


Нишасти хабарии Владимир Путин дар қароргоҳаш дар Маскав сурат гирифт.
Нишасти хабарии Владимир Путин дар қароргоҳаш дар Маскав сурат гирифт.

Раиси ҷумҳур Владимир Путин, дар нишасти солонаи хабариаш гуфт, Русия мисли дигар кишварҳои дигар дар соли 2020 ба мушкилоти офаридаи COVID-19 даст ба гиребон буд, вале дар муқоиса бо аксари онҳо аз уҳдаи муқобила бо пандемия беҳтар баромад.

Русия бо аҳолии 145 миллион нафариаш аз назари сирояти беморӣ дар ҷаҳон дар мақоми чаҳорум ва аз назари талафот дар мақоми даҳум қарор дорад. Дар ин кишвар то кунун коронавируси нав ба тақрибан 2 миллиону 700 ҳазор нафар сироят кардааст.

Владимир Путин рӯзи 17-уми декабр гуфт: “Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо ин мушкилот, шояд беҳтар аз дигар кишварҳо муқобила кардем, ки бо суботи иқтисодӣ ва пешрафти хадамоти иҷтимоиву тиббиашон ифтихор мекунанд.”

Нишасти хабарии солонаи Путинро, ки ҳар сол сурат мегирад, мувофиқа ва тарҳрезишуда медонанд. Ӯ дар замоне суҳбат кард, ки иқтисоди пойбанд ба фурӯши ашёи хоми Русия бинобар поин омадани қимати нафт ва дигар мушкилоти сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ранҷ мекашад.

Ба тахмини Владимир Путин, маҷмуи маҳсулоти дохилии Русия дар соли 2020 то 3.6 дар сад кам мешавад, ки ба гуфтаи ӯ камтар аз коҳиш дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупост. Раиси ҷумҳури Русия афзуд, низоми молии кишвараш “босубот” аст ва то охири соли 2020 даромади хусусии аҳолӣ 1.5 дар сад меафзояд, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ мардумро шояд онро эҳсос накунанд.

XS
SM
MD
LG