Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири собиқи Бритониё дар Тоҷикистон суруди туркманӣ хонд


Ҳю Филпотт
Ҳю Филпотт

Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Туркманистон, таронаеро бо забони туркманӣ иҷро кардааст. Ин таронаи оҳангсози даврони шӯравии Туркманистон Нурӣ Холмамедов аст, ки “Саҳрои Туркман” ном дорад ва яке аз маъруфтарин оҳангҳои мардумӣ ба шумор меравад.

Тарона, ба навиштаи худи сафири Бритониё дар Твиттер, бо пешниҳоди хабаргузориии “Ориент” сабту наворбардорӣ шудааст. Ин хабаргузории рӯ ба ҳукумат аст ва таронаи сафири кишвари ғарбиро дар ҳама вебсайтҳои рӯ ба ҳукумати Туркманистон нашр кардаанд.

Вокуниш ба ин тарона яксон набудааст. Питер Леонард, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, ки ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ кардааст, ҳамчунон дар Твиттер навиштааст, "ҳафтаи ҷорӣ як видеои ғайриоддие аз Туркманистон баромад ва ин навбат на президент, балки сафири Бритониё аст, ки таронаи миллии туркманиро иҷро мекунад".

Ӯ бо киноя гуфтааст, умедвор аст, "ин тамоюлро сафирони дигар идома намедиҳанд". Баъзе аз мунтақидони Туркманистон ба ин назаранд, ки режими Бердимуҳаммадов ҳатто ба дипломатҳои давлатҳои ғарбӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонад ва дар бисёр ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон ва озодиҳо, садои интиқоди онҳо шунида намешавад.

Хабарнигорони мустақил ва фаъолон мегӯянд, дар ҷомеаҳои авторитарӣ мардум ва фаъолони маданӣ умеди охирини худро дар риоя шудани ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ғарбиву сафирони кишварҳои ҳомии демократия, мисли Амрико, Бритониё, Иттиҳоди Аврупо мебинанд. Маҳз дипломтаҳои кишварҳои ғарбӣ дар бисёр қазияҳо тавонистаанд аз ноадолатиҳои ҳукуматҳои саркӯб пешгирӣ кунанд.

Дар Туркманистон, ки як режими худкома ба раҳбарии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳоким аст, президент бо ҳунарнамоиҳои рангобарангаш бисёр маъруф аст. То ҳол Бердимуҳаммадов, ки аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ барои вазъи бади иқтисодиву саркӯби озодиҳо интиқод мешавад, борҳо ба ҳангоми сурудани таронаву иҷрои мусиқӣ, аспдавонӣ, мошинсаворӣ ва моҳидорӣ дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шудааст.

Ҳю Филпотт, ки қабл аз кор дар Ишқобод, солҳои 2014-2019 сафири Бритониё дар Душанбе будааст, бисёр барномаву ташаббусҳои фарҳангиву иҷтимоиро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекард, аз ҷумла, сарулибоси миллии тарроҳони тоҷикро таблиғ кардааст.

Айни замон Филпотт замони кор дар Тоҷикистон яке аз сафирони фаъоли ҳомии озодии баён ва матбуот буда, дар қазияҳои ҳабси журналист Хайрулло Мирсаидов дар соли 2018, болоравии қимати интернет, тақозои таҳқиқи ҳаматарафаи ошӯб дар зиндонҳои Тоҷикистон дар солҳои 2018 ва 2019 бо изҳорот ва даъватҳо ба ҳукумати Душанбе муроҷиатҳо кардааст.

XS
SM
MD
LG