Раёсати вазорати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, дар пойтахт 20 ронандаро барои таваққуфи нодуруст ҷарима бастаанд. Як амалиёти ходимони ҳифзи қонун нишон додааст, ки ронандаҳо нақлиёти шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дар наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст нигоҳ дошта боиси баста шудани роҳи мошингард ва тамбашавии роҳҳо шудаанд. Ронандаҳои гунаҳгор бар асоси парвандаҳои маъмурӣ ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҷалб шуданд.
Ҷаримаи даҳҳо ронанда дар Душанбе
