Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як зиндон дар Қазоқистон мурдаи маҳбусеро дар дор овехта ёфтанд


Яке аз зиндонҳои Қазоқистон.
Яке аз зиндонҳои Қазоқистон.

Дар маҳбаси низомаш сахти шаҳраки Заречнии вилояти Алматои Қазоқистон ҷасади маҳбуси 33-сола Берик Раҳматуллоев дар дор овехта дарёфт шуд.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ Елена Семенова шоми рӯзи 15 декабр дар саҳифаи "Фейсбук"-аш хабар дод.

Ба навиштаи Семенова, маҳбус дар ҷаримагоҳ нигаҳдорӣ мешуд ва ҳам ҷасади ӯро аз ҳамон ҷо пайдо карданд.

"Дар ҷаримагоҳ чӣ рух дод, маълум нест, вале маҳбусони дигар доду фарёдҳои ӯро шунидаанд",-гуфт Семенова.

Аз мақомоти маҳбаси вилояти Алмато дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки Раҳматуллоев худро овехтааст. Дар бораи ин қазия тафсилоти дигар дастрас нест.

XS
SM
MD
LG