Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли душвор, вале бобарори самбочиёни тоҷик. ВИДЕО


Тамрини самбочиёни тоҷик.

Бо вуҷуди мушкилиҳо самбочиёни тоҷик мавсими имсоларо бобарор арзёбӣ мекунанд Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон чаҳор медал ба даст оварданд, ки ин натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2020 мебошад.

Бо вуҷуди мушкилиҳо самбочиёни тоҷик мавсими имсоларо бобарор арзёбӣ мекунанд Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон чаҳор медал ба даст оварданд, ки ин натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2020 мебошад.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо чаҳор варзишгар намояндагӣ кард.

"Се медал - як нишони нуқра ва ду биринҷиро гуштигирони тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ миёни бузургсолон соҳиб шуданд. Медали нуқраро Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило ба даст овард. Хушқадам Хусравов дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ гирифт. Комроншоҳи Устопириён низ дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Инчунин дар рақобатҳо миёни ҷавонон Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд", - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Соли душвор, вале бобарори самбочиёни тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Зимнан, медали нуқра дар қаҳрамонии ҷаҳон барои Акмалиддин Каримов ҳафтумин ҷоиза аст. Ӯ 11 маротиба дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ширкат варзида, дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило чаҳор медали нуқра ва се медали биринҷӣ гирифтааст. Вай мегӯяд рақобат дар мусобиқаи имсола барояш мушкилтар буд.

“Ман дар се қувваозмоӣ бар рақибонам аз Фаронса, Узбекистон ва Украина пирӯз шуда, ба финал баромадам. Дар қувваозмоии ниҳоӣ рақиби ман Владимир Гладкихи русиягӣ буд. Танҳо аз рӯи як огоҳӣ ман қувваозмоиро ба ӯ бохтам”, - гуфт Акмалиддин Каримов.

Хушқадам Хусравов, ки соли 2018 ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даста ёфта буд, ду соли ахир дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки дар таърихи варзиши тоҷик ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овардааст.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон.

“Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки соли 2018 дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, бароям аз ҳама фаромӯшнашаванда аст. Ман дар вазни то 62 кило бар рақибонам аз Мексика, Булғористон, Гурҷистон ва Украина пирӯз шуда, ба финал баромадам. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Руслан Багдасаряни русиягиро бо ҳисоби 2:1 шикаст додам ва бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштам», - гуфт Хушқадам Хусравов ба Радиои Озодӣ.

Ба далели пандемияи коронавирус имсол Федератсияи байналмилалии самбо бисёр мусобиқаҳоро лағв намуд. Варзишгарони тоҷик ҳам натавонистанд дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намоянд.

"То охири мавсими имсола самбочиёни тоҷик имкони иштирок дар як мусобиқаи байналмилалиро доранд. Онҳо ба Ҷоми ҷаҳонӣ ба хотираи поягузори самбо Анатолий Харлампиев, ки рӯзҳои 18-ум ва 19-уми декабр дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ширкати беҳтарин паҳлавонони тоҷик, аз он ҷумла Хушқадам Хусравов дар назар аст", - гуфт довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон.

Бо вуҷуди мушкилиҳо самбочиёни тоҷик мавсими имсоларо бобарор арзёбӣ мекунанд. Мегӯянд талошашон барои ба даст овардани зинаҳои аз ин ҳам баландтар аст. “Орзуи ягонаи ман қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон шудан аст”, - мегӯяд Акмалиддин Каримов.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG