Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, баъд аз шаш ҳафтаи интихоботи президентии Амрико хомӯширо шикаст ва Ҷо Байденро барои пирӯзӣ табрик гуфт. Ҳайати интихоботии Амрико рӯзи 14-уми декабр эълон кард, ки номзади Ҳизби демократ расман барандаи интихоботи 3-юми ноябр аст. Вебсайти Кремл 15-уми декабр навишт, Путин дар паёме ба Ҷо Байден ибрози умед кардааст, ки ду кишвар метавонанд "ихтилофҳоро канор гузоранд ва воқеан ба ҳалли бисёр мушкилоте, ки ҷаҳон бо онҳо рӯбарӯст, мусоидат намоянд." Путин инчунин ба Байден комёбӣ хоста, афзудааст, "дар навбати худ омодаи ҳамкорӣ ва тамос ҳаст". Сухангӯи Путин гуфтааст, раиси ҷумҳури Русия мунтазири эълони расмии пирӯзии Байден буд. Ҳайати интихоботии Амрико рӯзи 14-уми декабр эълон кард, ки Байден 306 ва Доналд Трамп 232 раъй ба даст овардаанд. Доналд Трамп чанд дафъа бе овардани далел иддао кард, ки дар интихобот тақаллуб шудааст, аммо чанд додгоҳ даъвои ӯву тарафдоронашро дар ин замина рад карданд.
Путин баъди шаш ҳафтаи "хомӯшӣ" Байденро табрик кард
