Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як бомбгузорӣ муовини волии вилояти Кобул кушта шуд


Таркиши бомб дар маркази Кобул, 15 декабри соли 2020.
Таркиши бомб дар маркази Кобул, 15 декабри соли 2020.

Дар таркиши бомба ва тирборон дар Кобул рӯзи 15 декабр ба камияш, се нафар, аз ҷумла муовини волии вилояти Кобул кушта, чандин каси дигар захмӣ шуданд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Тариқ Ориён гуфт, таркиши бомбае, ки ба мошини зиреҳдори муовини волӣ Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ часпонда шуда буд, ду нафарро кушт ва дуи дигарро захмӣ кард. Бомбгузорӣ дар маҳаллаи Мукриён (Микрорайон)-и шаҳри Кобул ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳамлаи дигар, афроди мусаллаҳ як афсари полисро куштанд ва як полиси дигарро дар ноҳияи Баграм захмӣ карданд, гуфт сухангӯи раҳбари полиси Кобул Фирдавси Фаромарз. Касе фавран масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст. Дар ҳамла ва задухӯрдҳои моҳҳои охир, бо вуҷуди гушуниди сулҳи ҳукумат ва Толибон тақрибан 50 нафар кушта шудаанд. Масъулияти яке аз онҳоро гуруҳи ваҳзатафкани Давлати Исломӣ (ДИ) ба зимма гирифт. Ин гуруҳ ахиран дар шарқи Афғонистон ҷангҳои шадид ба вуҷуд овардааст, дар Кобул, атрофи он ва шимол асосан Толибон ва гуруҳҳои хурди дигар фаъоланд. Аз моҳи сентябр инҷониб ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дар Қатар музокироти сулҳро идома медиҳанд, ки ҳадафи он қатъи ҷангҳои даҳсолаҳост.

XS
SM
MD
LG