Ширкатҳои саёҳии Тоҷикистон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба пандемияи коронавирус, бо эҳтимоли зиёд нархи имсолаи Ҳаҷҷи Умра баландтар мешавад. Намояндаи ширкати саёҳии “Расул” - масъули анҷоми хадамоти Умра гуфтаааст, сафари нахустини зоирони тоҷик дар охири моҳи январи соли оянда дар мадди назар гирифта шудааст, вале нархи сафари ҳаҷҷ ҳанӯз маълум нест. Интизор меравад, бо назардошти талаботи рияои қоидаҳои беҳдорӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар шароити пандемия, ба ҳавопаймо ва автобусҳо миқдори камтари мусофирон роҳ дода дода мешаванд ва биноан пули ҷойҳои холӣ низ аз ҳисоби ҳамин зоирон гирифта гирифта мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи намояндаи ин ширкат ҳукумат барои зоирони тоҷик ваксина мегирад, ки пули он низ ба ҳаққи сафари онҳо зам хоҳад шуд. Аз Тоҷикистон солона ҳазорон нафар барои адои Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.