Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА аз имрӯз эмкунӣ бар зидди COVID-19 шурӯъ мешавад


Воксинаи зидди COVID-19 қаблан дар тани ихтиёриҳо санҷида шуд

Интизор меравад, ки аз 14-уми декабр дар ИМА аввалин нафарон воксинаи зидди COVID-19-ро қабул мекунанд. Дар ин кишвар то ҳол талафот бар асари COVID-19 ба 300 ҳазор нафар расидааст. Рӯзҳои истироҳати гузашта дар ин кишвар ба хотири омодагӣ ба эмгузаронии 2-каратаи воксинаи сохтаи ширкати Pfizer/BioNTech маҳлулҳои зидди COVID-19 тақсим шуданд. Воксинаи мазкур ба афроди 16 то 85-сола пешбинӣ шудааст ва дар навбати аввал дар рӯзҳои 14 то 16-уми декабр қарор аст 3 миллион дона воксина ирсол шавад. Дар навбати аввал дар ИМА кормандони тиб, бошандагони хонаҳои пиронсолону дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ҳам кормандони сохторҳои муҳими давлатӣ эм карда мешаванд, то ки фаъолияти бемушкили ҳукумат таъмин карда шавад. Ба гуфтаи мақомоти беҳдошти ИМА, қарор аст то охири моҳи март дар Амрико 100 миллион нафар эм карда шаванд ва то охири моҳи декабр 40 миллион дона воксина дастрас гардад. Дар баробари воксинаи ширкатҳои амрикоиву олмонии Pfizer/BioNTech, инчунин воксинаи ширкати Moderna ҳам барои истифодаи изтирорӣ ба кор меравад.

Дар Канада ҳам нахуствазир Ҷастин Трюдо гуфт, ки 14 декабр воксина ба бархе шаҳрвандони ин кишвар ҳам дастрас мешавад. То ҳол воксинаи сохтаи Pfizer/BioNTech дар Мексика, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Исроил ба қайд гирифта шудааст ва Бритониё аввалин кишваре шуд, ки ин воксинаро ба истифода дод.

XS
SM
MD
LG