Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи гуфтугӯҳои сулҳ. Пешниҳод шудааст, ки музокирот дар дохили Афғонистон сурат бигирад


Ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Афғонистон мегӯяд, барои баҳсу машварат ба Кобул бармегардад ва талош хоҳанд кард, раванди боқимондаи гуфтугӯҳо ба суръат пеш биравад. Дар ҳамин ҳол пешниҳодҳое садо додааст, ки музокирот дар дохили Афғонистон сурат бигирад.

Як намояндаи ҳайати гуфтугӯкунандаи ҳукумати Афғонистон дар Қатар мегӯяд, ба ҳадафи машварат бо мақомоти давлатӣ, ба Кобул мераванд. Ин ҳайат аз се моҳ ба ин тараф машғули гуфтугӯ бо тими музокиракунандаи Толибон будааст ва ду ҷониб дар ниҳоят бар сари барномаи 12-модаии гуфтугӯҳои аслӣ созиш кардаанд.

Ҳабиба Саробӣ, яке аз аъзои ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Афғонистон гуфт, ки талош доранд раванди боқимондаи гуфтугӯҳо ба суръат пеш биравад.

Ӯ афзуд, "дар ин муддат, ки баҳсҳо дар мавриди барнома сурат гирифтааст, муҳим аст, ки бо раҳбарии ҳукумат ва қишри сиёсӣ машварат сурат бигирад. Ба ҳамин сабаб, ҳайат на барои рухсатӣ, балки барои машваратҳо, ба вуҷуд овардани як назари муштарак ва гирифтани назари ҳама ҷонибҳо, ба Кобул мераванд".

Хонум Саробӣ афзудааст, ки дар ин гуфтугӯҳо таваҷҷуҳи зиёд бар сари созиши оташбас ва хатми ҷанги ҷорӣ дар Афғонистон аст.

Музокиракунандагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон гуфтаанд, ки гуфтугӯҳои худро баъд аз се ҳафта дигарбора оғоз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон рӯзи шанбе пешниҳод кард, ки марҳилаи баъдии гуфтугӯҳо дар дохили Афғонистон сурат бигирад. Шуморе аз сиёсатмадорони афғон ҳам аз ин пешниҳод истиқбол кардаанд.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, агар музокироти сулҳ дар дохили Афғонистон сурат бигирад, то ҳади зиёде манфиатҳои афғонҳо дар он таъмин хоҳад шуд ва ин раванд аз дахолати дигарон эмин хоҳад буд.

Толибон гуфтаанд, ки дар мавриди пешниҳоди гуфтугӯҳо дар дохили Афғонистон баъдан ибрози назар хоҳанд кард.

Бо вуҷуди он, ки намояндагони Толибон аз дувоздаҳуми сентябр ба ин тараф дар Давҳа машғули гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳайати ҳукуматӣ будаанд, вале ҳамлаҳояшон дар дохили Афғонистон қатъ нашудааст.

XS
SM
MD
LG