Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналду, Левандовски ва Месси – муддаиёни ҷоизаи беҳтарин бозигари сол


Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) сегонаи футболбозонеро, ки барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин бозигари соли 2020 муддаӣ мебошанд, эълон кард. Дар ин бора дафтари матбуоти ин созмон хабар медиҳад.

Ба феҳрист Криштиану Роналду, ҳамлагари дастаи “Ювентус”-и Италия ва мунтахаби Португалия, Роберт Левандовски, ҳамлагари бошгоҳи “Бавария”-и Олмон ва мунтахаби Лаҳистон, Лионел Месси, ҳамлагари тими “Барселона”-и Испания ва мунтахаби Аргентина, дохил шуданд.

Барои ҷоизаи FIFA ба ҷуз аз ин се нафар, ҳамчунин Тяго Алкантара ("Бавария", "Ливерпул"), Кевин де Брейне ("Манчестер Сити"), Садио Мане ("Ливерпул"), Килиан Мбаппе ("Пари Сен-Жермен"), Неймар ("Пари Сен-Жермен"), Серхио Рамос ("Реал"), Муҳаммад Салоҳ ва Вирҷил ван Дейк (ҳарду аз "Ливерпул") довталаб буданд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта Месси беҳтарин бозигари сол эълон шуда буд. Ӯ барои дарёфти ин ҷоиза аз Роналду ва Вирҷил ван Дейк пеш гузашт. Месси шаш бор ва Роналду панҷ бор беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи FIFA эътироф шудаанд.

FIFA беҳтарин бозигаронро аз соли 1991 эълон мекунад. Аз соли 2010 то 2015 FIFA ҳамроҳ бо маҷаллаи “France Football” ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, аз соли 2016 боз ба ҷоизаи худ баргашт.

Барои ҷоизаи беҳтарин футболбоззани соли 2020 Люси Бронз («Манчестер Сити» /мунтахаби Англия), Пернилла Ҳардер («Челси» /мунтахаби Дания) ва Венди Ренар («Лион» /мунтахаби Фаронса) довталаб мебошанд.

Ҳамчунин FIFA сегонаи номзадҳоро барои ҷоизаҳои беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин сармураббии сол эълон кард.

Номзадҳо барои ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол:

Ян Облак (Сербия, «Атлетико»),

Алиссон Беккер (Бразилия, «Ливерпул»),

Мануэл Нойер (Олмон, «Бавария»).

Номзадҳо барои ҷоизаи беҳтарин сармураббии сол:

Марсело Бйелса (Аргентина, «Лидс Юнайтед»),

Ҳанс-Дитер Флик (Олмон, «Бавария»),

Юрген Клопп (Олмон, «Ливерпул»).

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2020 аз рӯи фарзияи FIFA 17-уми декабр доир мегардад. Ба далели пандемияи коронавирус чорабинӣ дар шакли онлайн баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG