Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони ICC аз ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина хабар дод


Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд.

Додситони аршади Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят рӯзи 11-уми декабр гуфт, тафтишоти муқаддамотӣ нишон додааст, ки дар Украина ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят ба зидди башарият содир шудааст. Баъди шаш соли таҳқиқот Фато Бенсуда дар як баёнияе гуфт, “асосҳои мантиқӣ ва боварибахше вуҷуд дорад, ки амалкардҳои зиёди баробар бо ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят ба зидди башарият дар ҷараёни муноқишаи Украина сурат гирифтааст.”

Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ғайриқонунӣ ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Ишғоли нимҷазира баъди он сурат гирифт, ки тазоҳургарони украинӣ раиси ҷумҳури Русиягаро Виктор Януковичро аз мақомаш барканор карданд. Русия ҳамчунин аз ҷудоиталабоне ҳимоят кардааст, ки дар шарқи Украина меҷанганд ва аз замони шуруи муноқиша дар онҷо дар соли 2014 то кунун 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Фато Бенсуда гуфт, ки ҷиноятҳо ҳангоми ҷангу боздоштҳо ва дар нимҷазираи Қрим ҳам сурат гирифтаанд.

Украина узви Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага аст, вале Русия узв нест ва ҳукму қарорҳои он додгоҳро қабул надорад. Тафтишоти муқаддамотии додгоҳ, роҳро барои тафтиши комил ва ҳам ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони эҳтимолӣ боз мекунад.

XS
SM
MD
LG