Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ваксинаи Pfizer-BioNTech-ро барои истифода мувофиқ донист


Ширкатҳои Пфайзер ва Бионтек гуфтаанд, ки озмоишҳо то 95 дар сад коромад будани ваксина ба зидди коронавируси навро собит карданд.
Ширкатҳои Пфайзер ва Бионтек гуфтаанд, ки озмоишҳо то 95 дар сад коромад будани ваксина ба зидди коронавируси навро собит карданд.

Мақомоти Амрико истифода аз ваксинаи Pfizer-BioNTech ба зидди коронавируси навро иҷоза доданд ва роҳро барои ваксинзании зуд дар саросари кишвар ҳамвор кардаанд. Қарори Идораи Ғизо ва Дорувории Амрико рӯзи 11-уми декабр содир шуд ва дар замоне, ки талафот аз бемории СОVID-19 дар Амрико ба марзи 300 ҳазор нафар наздик мешавад.

Пештар аз ин гуруҳи мутахассисони мустақил гуфтанд, барои эмин мондан аз беморӣ афроди аз 16 то 85-сола бояд ду маротиба ваксинаи Pfizer-BioNTech- ро бигиранд. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар як баёнияи видеоӣ ваксинаро “муъҷизаи тиббӣ” номид, ки ба қавли ӯ миллионҳо нафарро аз марг наҷот ва ба пандемия хотима медиҳад.

Ӯ гуфт: “Мо дар муддати фақат 9 моҳ ваксинаи амну коромадеро пешниҳод кунем. Ин яке аз бузургтарин дастовардҳои илмӣ дар таърих аст.” Ширкати Пфайзер ният дорад, ҳамин ҳафта 3 миллион дона ваксинаро ба Амрико тақсим кунад, ки барои якуним миллион нафар кофист.

Пеш аз ҳама ваксинаҳоро маъмурони тиббӣ ва афроди осебпазир дар хонаҳои куҳансолон мегиранд. Қарори истифодаи ваксина замоне қабул шуд, ки дар саросари Амрико вирус дигарбора бо суръат доман паҳн мекунад ва теъдоди беморони бистарӣ ҳам зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG