Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, коронавирус 42 нафари дигарро дар Тоҷикистон бемор кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр эълон кард, ки дар 24 соати гузашта дар кишвар 42 мавриди нави сирояти бемории COVID-19 сабт шудааст. Ба гуфтаи вазорат, аз рӯзи 30-уми апрел то рӯзи 11-уми декабр коронавируси нав дар умум ба 12620 кас сироят карда ва 88 нафарро куштааст. Аз ин миён бештар аз 95 дар сади беморон ва ё 12052 нафар шифо ёфтаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел ва нахустин бор гузориш дод, ки дар кишвар 15 мавриди сирояти бемории COVID-19 сабт шудааст. Бо вуҷуди онки аз аввали моҳи февралу март гузоришҳои зиёде доир ба афзудани теъдоди гирифторони бемории илтиҳоби шуш, беморие, ки COVID-19 ҳам бармеангезад, зиёд буд, мақомот мегуфтанд, дар Тоҷикистон коронавируси нав нест.

Айни замон ҳам мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавируси нав ва талафот аз он дар Тоҷикистон ба маротиб бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ эълон мекунад.

XS
SM
MD
LG