Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави ИМА нисбати президенти Чеченистон Рамазон Қодиров


Рамазон Қодиров аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии ҷумҳурии Чеченистонро ба ӯҳда дорад
Рамазон Қодиров аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии ҷумҳурии Чеченистонро ба ӯҳда дорад

ИМА бастаи нави таҳримҳо алайҳи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро қабул кард, ки ҷумҳурии Қафқози Шимолиро бо панҷаи сангинаш раҳбарӣ мекунад аз муттафиқони президенти Русия Владимир Путин ба ҳисоб меравад. Бонки марказии ИМА рӯзи 10 декабр нисбати Қодиров ва панҷ муассисаи марбут ба ӯ таҳрим ҷорӣ кард. Дар миёни ин муассисаҳо – Бунёди Аҳмад Қодиров ва тими футболи “Аҳмад Грозний” номбар мешаванд. Таҳримҳо дар чаҳорчӯби қонуни маъруфи “Иқдоми ҷаҳонии Магнитский” ҷорӣ шуданд. Ин қонун соли 2016 қабул шуда, муҷозоти поймолкунандаҳои ҳуқуқи инсон, масдудкунии ҳисобҳои бонкии онҳову пешгирӣ аз сафари онҳо ба ИМА-ро дар назар мегирад. Қонун ба номи ҳуқуқшиноси ошкоргӯи рус Сергей Магнитский гузошта шудааст, ки соли 2009 дар як боздоштгоҳи Русия баъди шиканҷаи шадид кушта шуд. Қодирови 44-сола аз соли 2007 раҳбарии Чеченистонро ба ӯҳда дорад. Ӯро созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилаливу русӣ дар поймолкунии ҳуқуқи инсон, кушторҳои худсарона, одамрабоӣ ва таъқиби дигарандешону аққалиятҳои ҷинсӣ гунаҳгор мекунанд.

XS
SM
MD
LG