Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Русия аз гаронии қимати ғизо интиқод кард


Новосибирск, фурӯшгоҳи меваву сабзаҷот
Новосибирск, фурӯшгоҳи меваву сабзаҷот

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ниҳодҳо ва мансабдорони русро барои боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ интиқод кардааст. Ӯ дар ҷаласаи рӯзи 10-уми декабр гуфтааст, ки мақомоти дахлдор назорати вазъро аз даст додаанд ва бояд барои пойин бурдани қимати озуқаворӣ фавран чораандешӣ кунанд. Мишустин мегӯяд, ин мавзӯъ хеле ҳассос аст, бахусус дар замоне, ки даромади мардум кам шудааст, набояд ба боло рафтани нархҳо иҷозат дод. Сарвазир дар хитоб ба раҳбарони марказҳои тиҷоратӣ гуфтааст, ки бо истифода аз вазъи ногувор набояд танҳо дар фикри фоида бошанд. Шикоятҳо аз гаронии нархи маҳсулот дар чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон низ дар ин охирҳо бештар шудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавирус даромадҳояшон кам шуда, нархҳо дар бозорҳо баръакс боло рафтаанд. Ҳафтаи гузашта дар парлумон мавзӯи болоравии нархи маводи хурокворӣ дар бозорҳои кишвар матраҳ шуда буд. Бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон аз раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хоста буданд, ки масъаларо шарҳ диҳад. Мақомоти тоҷик ҳамвора ба "таъсири берунӣ" будани ин ҳолат таъкид мекунанд.

XS
SM
MD
LG