Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷаллаи Time Ҷо Байден ва Камола Ҳаррисро шахсиятҳои сол унвон кард


Камола Ҳаррис ва Ҷо Байден
Камола Ҳаррис ва Ҷо Байден

Маҷаллаи мӯътабари Time президенти тозаинтихоб Ҷо Байден ва муовини президент Камола Ҳаррисро соли 2020 шахсиятҳои сол номиданд. Эрвард Фелсентал, сардабири маҷаллаи Time навишт, ки Байден ва Ҳаррис ба “хотири тағйири таърихи Амрико, барои намоиши ин ки нирӯи қувваҳои ҳамдил аз хашми тафриқаандозӣ бузургтар будаанд, барои ибрози дидгоҳҳои тармими ҷаҳони дар ҳоли мусибат, шахсони сол баргузида шуданд”.

Байден ва Ҳаррис ҳанӯз ба ин хабар вокуни накардаанд. Байдени 78-сола, ки дар маъмурияти президент Барак Обама ду дафъа дар мақоми муовини президент кор кардааст, кӯҳансолтарин президенти ИМА мешавад, ки 20 январ ба кор шурӯъ мекунад. Ҳаррис нахустин зан ва намояндаи Осиё хоҳад буд, ки дар мақоми муовини президент кор хоҳад кард. Айни замон, президент Доналд Трамп, ки мағлубияташро то ҳол эътироф накардааст, бо даъвоҳои беасоси тақаллуб шудани интихобот то ҳол дар талош аст, ки додгогоҳҳои ИМА натиҷаҳои интихоботро бозбинӣ кунанд. Соли 2016, замоне, ки Трамп дар интихобот бурда буд, аз ҷониби маҷаллаи Time шахсияти сол унвон шуд. Маҷаллаи Time аз соли 1927 шахсиятҳои солро муайян мекунад.

XS
SM
MD
LG