Ду ҳавопаймои ҷангии бузурги Амрико бо шуморе аз ҳавопаймоҳои се кишвари Халиҷи Форс, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, рӯзи 10-уми декабр дар наздикии соҳилҳои Эрон барои чанд соат парвоз карданд.
Хабаргузории "Асошиэйтед пресс" бо такя ба мақомоти Амрико навишт, ки ҳадаф аз ин парвозҳо, паёмҳои боздоранда ба Эрон ва таъкид бар ин буд, ки Амрико ба ҳифзи субот дар минтақа пойбанд аст.
Ин ду ҳавопаймои "B-52" рӯзи чаҳоршанбе аз яке аз иёлатҳои Амрико барои анҷоми ин маъмурият, ки 36 соат тӯл кашид, парвоз карда буданд. Парвози онҳо дар наздикии осмони Эрон ду соат идома дошт.
Дар муддати камтар аз як моҳи гузашта ин дувумин бор аст, ки ин ҳавопаймоҳо дар фазои минтақа дида мешаванд. Расонаҳои амрикоӣ ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар нишасте дар Қасри Сафед хостори баррасии эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон шуда буд. Дар пайи ин нишаст, ду ҳавопаймои "B-52" бар фарози Ховари Миёна парвоз доштанд.
Гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" меафзояд, ки маъмурияти нави ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ баёнгари нигаронии Амрико дар пайи кушта шудани Муҳсин Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон ва аввалин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс мебошад.
Гузоришҳо мегӯянд, ки Амрико дар бораи парвози ин ду ҳавопаймои стратегии худ, ки тавони интиқоли бомбаҳои вазнин ва аслиҳаи атомиро доранд, ба ҳампаймонҳои худ дар минтақа хабар дода буд.
Чанд рӯзи пеш гуфта шуд, ки як киштии ҳавопаймобари Амрико бо се киштии дигари ҷангӣ хилофи ҷадвали аз қабл эълоншуда то мудати номаълум дар минтақа мемонад ва ба пойгоҳи худ боз нахоҳад гашт.
Худовандо тамоми чумхурихои сохибистиклоли собик Шуравиро аз нияту амал ва ВАХШОНИЯТИ ПУТИН начот бахш.
бритони аввал ба афгонистон тнчи ороми орад. покситонро бритоние ташкил кард навбати толибистон шуд боз чи максад дошта бошад дар помири точикистон
ТАКЛИДИ СИСТЕМАИ МОРИФИ ЯПОНИ КОРЕЯИ ЧАНИБИРО БОЯД БА РОХ МОНД. АММО МО НАМЕХОХЕМ БА ЯПОНИЯ КОРЕЯИ ЧАНУБИ ВА СИНГАПУР БАРОБАР ШАВЕМ .МИКЕС ВА МУКОИСА ФАКАТ БО АФГОНИСТОНУ ТУРКМАНИСТОНУ ПАПУА НОВАЯ ГВИНЕЯ!!! МУАЛЛИМ НА КАМ АЗ 1000 ДОЛЛАР БОЯД МАОШ ГИРАД.ПРОФЕССОРОН 5-6 ХАЗОР ДОЛЛАР БАЪД ТАЛАБ НАМОЕД КАДРИ ЧАВОНУ ДОНИШМАНДРО
Радио озоди дида мешавад ки шумо худ бар зиди сатру ҳиҷобед барои ҳамин фақат коментарияҳои зидди исломро нашр мекунед, аз Аллоҳ наметарсед магар? , чаро коментарияҳои мусалмононро нашр намекунед? , шахс надонад бо ин коментарияҳои зидди исломи фикр мекунад ки тоҷики мусалмон намондааст.
Чаро 15 ҳазор омӯзгори тоҷик тарки пеша карданд? Аз сатҳи баланди зиндагӣ, Аз маошҳои баланд, Аз адолати иҷтимоӣ, Аз адолати судӣ, Аз баробари дар назди қонун, Аз набудани маҳалгароӣ, Аз набудани коррупсия ва ғайраҳо ....