Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо тан аз коргарони корхонаи Uzbekistan GTL бо талаби маош корпартоӣ карданд


Коргарони корхонаи "Nuriston Teks Group".
Коргарони корхонаи "Nuriston Teks Group".

Даҳҳо коргари ширкати Nuriston Teks Group, ки дар сохтмони корхонаи гази Uzbekistan GTL дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон ширкат доранд, эъломи корпартоӣ карданд.

Ба гуфтаи коргарон, ду моҳ аст, ки маош намегиранд. Ин дар ҳолест, рӯзи 21 октябр коргарони ширкати Enter Engineering, ки дар сохтмони корхонаи Uzbekistan GTL ширкат доштанд, корпартоӣ карданд. Корпартоӣ ба бетартибӣ печида, барои хомӯш кардани бетартибиҳо аз неруиҳои вижаи мақомоти қудратии Узбекистон кор гирифта шуда буд. Коргарони ширкати Enter Engineering дар пайи пардохт нашудани маош корпартоӣ карда буданд.

Дар наворе, ки дастраси расонаҳо шуд, коргарони ширкати Nuriston Teks Group аз корфармо сабаби пардохт нашудани маошро мепурсанд. Як манбаъ гуфт, ин ҳодиса рӯзи 8 декабр рух додааст.

"Мо ду моҳ аст, ки маош нагирифтаем. Музди меҳнати рӯзи кории 8-соатаи мо наздики 10 долларро ташкил медиҳад. Коргарон қотеъона талаби пардохти маошро доранд. Дар сурати ғайр корпартоӣ мекунем", - гуфт як коргари ширкати Nuriston Teks Group.

Айни замон дар тарҳи корхонаи гази Uzbekistan GTL наздики 12 ҳазор кас кор мекунад. Арзиши умумии сохтмони корхона 4 миллиард долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG