Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато шабнишиниҳои бахшида ба Соли нав манъ шуд


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Сардухтури беҳдоштии шаҳри Алматои Қазоқистон Жандарбек Бекшин 9 декабр гуфт, баргузор кардани ҷашну шабнишиниҳои бахшида ба Соли нави мелодӣ дар шаҳр, ки аз нигоҳи сирояти коронавируси нав дар минтақаи "зард" қарор дорад, манъ аст.

Ба гуфтаи Жандарбек Бекшин, қарори манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки андуҳи одамон дар шаҳр боқӣ мемонад. Ба тарабхонаҳо иҷозат дода шудааст, ки танҳо бо 50 ҷои нишаст кор кунанд ва ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ роҳ надиҳанд. Фосила миёни мизҳо бояд аз ду метр камтар набошад.

Мақомоти шаҳрдории Алмато рӯзи чоршанбе хабар доданд, ки марказҳои савдои ин кишвар ба фаъолияти худ идома медиҳанд, вале соати кории онҳо то ба 17 соат маҳдуд ва рӯзҳои якшанбе ба далели гузаронидани рӯзи беҳдоштӣ дарҳояшон баста хоҳад шуд.

Дар Алмато ҳамарӯза даҳҳо ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта мешавад. Ин шаҳр аз нигоҳи шумори ҳолатҳои нав баъди вилояти Қазоқистони Шарқӣ дар мақоми дувум аст. То 6 декабри соли равон дар он 341 кас бар асари коронавирус ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG