Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бритониё ваксинзанӣ ба зидди СОVID-19 оғоз ёфт


Маргарет Кенани 90-сола аз Бритониё аввалин зане шуд, ки ваксинаи ширкати Пфайзер ва Бионтекро гирифт.
Маргарет Кенани 90-сола аз Бритониё аввалин зане шуд, ки ваксинаи ширкати Пфайзер ва Бионтекро гирифт.

Рӯзи 8-уми декабр дар Бритониё ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 оғоз ёфт ва умедвориҳо дар ҷаҳон зиёд аст, ки кишварҳои дигар низ ба зудӣ ин корро оғоз мекунанд. Ваксинзанӣ субҳи ин рӯз шуруъ шуд ва қарор аст, дар марҳилаи аввал 800 ҳазор нафар ваксинаеро бигиранд, ки ширкатҳои Пфайзер ва БионТек офаридаанд. Ҳарду ширкат гуфтаанд, ки озмоишҳо собит кардаанд, ки ваксина 95 дар сад коромад аст.

Аввал онҳое ваксинаро мегиранд, ки аз 80-сола боло ҳастанд ва ҳам парасторону дигар маъмурони тиббӣ, ки дер бемористонҳо ва хонаҳои пиронсолон кор мекунанд. Мақомоти расмии Бритониё аз мардум хостаанд, ки сабур бошанд, чун дар марҳилаи аввал асосан онҳое ваксина мегиранд, ки дар баробари беморӣ бисёр осебпазир ҳастанд.

Кишварҳои дигар низ омодаи ваксинзанӣ ба зидди коронавируси нав мешаванд, ки то ҳол ҷони 1 миллиону 500 ҳазор нафарро дар ҷаҳон гирифта ва бештар аз 67 миллион нафарро бемор кардааст.

XS
SM
MD
LG