Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари муҳоҷир аз Русия ба воситаи Қирғизистон ба ватан расид. ВИДЕО


Тӯҳфа Аҳмадова, сокини шаҳри Бохтар

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои бозгашт ба ватан роҳи осон ва арзонро ҷустуҷӯ мекунанд.

Ҳоло бархе муҳоҷирони тоҷик тавассути Қирғизистон ва Узбекистон ба ватан мерасанд.

Видеро ин ҷо тамошо кунед.

Қиссаи бозгашти модари муҳоҷир аз Сургут ба Бохтар ба воситаи Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Тӯҳфа Аҳмадова, рӯзноманигори тоҷик, ки ба дидорбинии фарзандони муҳоҷираш рафта буд, бинобар маҳдудиятҳо ба хотири коронавирус, чанд моҳ дар шаҳри Сургути Русия дармонд.

Ӯ мегӯяд, ширкатҳои тоҷикӣ аз Сургут то Душанбе бо нархи аз 45 то 54 ҳазор рубли русӣ чипта мефурӯхтанд, ки болотар аз тавоноии ӯ буд.

Ин рӯзноманигори тоҷик то Оши Қирғизистон бо маблағи 22 ҳазор рубл чипта харидааст ва дар маҷмӯъ, бо сарфи 24 ҳазор рубл, то шаҳри Бохтари вилояти Хатлон расидааст.

“Ман як одами нафақахӯр зурам ба нархи чиптаи парвози Сургут‑Душанбе нарасид. Он ҷо аз тоҷирони саховатманд кӯмак пурсидан мумкин буд, вале ман ин корро накардам”,‑‑гуфт ӯ.

Муҳоҷирон аз гаронии нархи чиптаҳои парвозҳои чартерӣ пайваста шикоят мекунанд. Масъулони ширкати “Сомон Эйр”, ки ҳоло парвозҳои чартерӣ ба Русияро анҷом медиҳад, борҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо аз як ҷониб холӣ парвоз мекунад ва аз ин рӯ нархи билет гарон аст.

Нархи чиптаи парвоз аз шаҳрҳои Русия ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, мисли Қирғизистон ва Узбекистон ба маротиб арзонтар аст. Аз ин рӯ, муҳоҷирон талош мекунанд, аз тариқи кишварҳои ҳамсоя ба ватан бирасанд.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз охири моҳи март бинобар хуруҷи бемории коронавирус баста аст. Ҳоло танҳо тариқи парвозҳои чартерӣ, ки онро ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад, муҳоҷирон имкони бозгашт ба Тоҷикистонро доранд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG