Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон амр доданд, масҷидҳо “мактабҳои ибтидоӣ” шаванд. CАДО


Кӯдаки афғон ҳангоми қироати Қуръон дар яке аз масҷидҳои шаҳри Кобул. Акс аз рӯзи 21-уми майи соли 2018

Дастури баҳсбарангези вазорати маорифи Афғонистон барои таҳсили кӯдакони то синфи се дар масҷидҳо ва бо ҳадафи додани “ҳуввияти қавии исломӣ” ба онҳо сабаби интиқоди зиёди ҷомеа аз кори вазорат шуд. Вазорат рӯзи шанбе бо нашри як баёния гуфт, бар асоси барномаи таълимии нав, аз соли нави таҳсил тамоми кӯдакони то синфи се бояд дар масҷидҳо дарс хонанд.

Дар баёния омадааст, ки қарори мазкурро барои “меҳварӣ кардани ҷойгоҳи ислом дар низоми таълиму тарбия” қабул кардааст. Баъд аз хатми синфи се кӯдакон таҳсилро дар мактабҳои маъмулии ғайридинӣ идома медиҳанд.

Вазорати маорифи Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки бар асоси қарори вазорат, доираи салоҳиятҳои Идораи таълимоти исломӣ васеътар шуда ва аз ин пас Раёсати таълимоти умумӣ ва Раёсати мадорису ҳифзи Қуръон тобеи Идораи таълимоти исломӣ хоҳанд буд.

"Азбаски мактаб нест ва ё дур аст"

Наҷиба Ориён, сухангӯи вазорат рӯзи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қарор танҳо дар минтақаҳое иҷро мешавад, ки мактаб надоранд, ё мактабҳояшон дур аз деҳа мебошад ва барои хурдсолон рафтан ба он мактабҳо душвор аст.

Ӯ афзуд: “Омӯзиш дар масҷидҳо, ки аз масоилест, ки солҳои сол дар Афғонистон маъмул аст. Мутаасифона мо дар минтақаҳои дурдаст бо камбуди мактаб мувоҷеҳ ҳастем ва кӯдакони хурдсоли мо наметавонанд, фосилаи зиёди роҳро аз як деҳа ба деҳаи дигар тай кунанд. Биноан дар ҳар деҳае, ки масҷид ҳаст, мо онҳоро ба ҳайси мактаб истифода мекунем ва дастури таълимии вазорати маорифро дар онҳо татбиқ мекунем, то битавонем, ки ба тамоми донишомӯзҳо хадамоти таълимии беҳтарро ироа кунем.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00
Линки мустақим

Аммо бархе дигар мегӯянд, ки қарори вазорати маорифи Афғонистон сабаби рушд ва ривоҷ гирифтани ифротгароӣ аз давраи кӯдакӣ дар миёни ҷомеа мешавад. Абдулғанӣ Хусравӣ, як коршиноси умури таълиму тарбия дар Афғонистон мегӯяд, барои кӯдакон мактаб беҳтарин макон барои ёдгирӣ аст ва масҷид барои кӯдакон дар канори мактаб метавонад, фақат барои ёд гирифтани улуми динӣ бошад. Ӯ афзуд: “Беҳтар аст, ки мо мактабҳо дошта бошем ва дар канораш масҷидҳои хонагӣ (барои таълими улуми динӣ), вале на инки мо биёему салоҳияти мактабҳоро ба масҷидҳо бидиҳем.”

Ҳаракат ба самти Толибонӣ сохтани ҷомеа?

Ёқуб Ясно, нависандаи шинохтаи афғон дар Фейсбук навишт, ки масҷид муҳити муносибе барои таълими бачаҳо надорад ва фиристодани кӯдакон ба онҷо барои таҳсил, сӯистифода аз таҳсилу дин меешавад. Хабаргузории Олмон аз қавли Мухтор Вафоӣ, хабарнигори шинохтаи афғон навиштааст, ки сиёсати пешгирифтаи вазорати маориф ҳаракат ба самти Толибонӣ кардани ҷомеаи Афғонистон аст. Ҳарчанд дар аҳди режими Толибон мактабҳои ғайридинӣ фаъолият мекарданд, вале макотиби диниву мадрасаҳо бештар роиҷ буданд.

Айни замон ҳам Толибон дар манотиқи таҳти назораташон ба кӯдакон амр медиҳанд, ки дар баробари таҳсил дар мактабҳои маъмулӣ дар мадрасаҳои динӣ ҳам дарси ислом биёмӯзанд. Аз назари дур мондани кӯдакон аз таҳсил Афғонистон дар ҷаҳон яке аз мақомҳои аввалро мегирад. Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, тахминан 3 миллиону 700 ҳазор кӯдаки афғон ба сабаби ҷангу фақр ва урфу одатҳои иртиҷоӣ ба мактаб намераванд ва 60 дар сади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG