Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария ва ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон кӯмак карданд


Ийолоти Муттаҳидаи Амрико низ дар гузашта ба Тоҷикистон барои мубориза бо КОВИД-19 кӯмак карда буд
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико низ дар гузашта ба Тоҷикистон барои мубориза бо КОВИД-19 кӯмак карда буд

Ҳукумати Швейтсария ва ЮНИСЕФ, фонди кӯдакони СММ барои мубориза ба коронавирус ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари амрикоӣ лавозимот кӯмак кардаанд.

Бештари ин кӯмакҳо, мисли 6840 ҳазор либосҳои муҳофизатии якбористифодашаванда, 10 ҳазор дастпушакҳои санитарӣ, 3900 ниқоби тиббӣ, 200 ҷуфт музаҳои резинии обногузар ва маҳлулҳо барои поккорӣ ба пизишконе дода хоҳад шуд, ки бо гирифторони коронавирус кор мекунанд.

Намояндагии СММ дар Тоҷикитон бо нашри ин хабар гуфтааст, ки барои огоҳонидани сокинони ин кишвар аз хатари коронавирус маводҳои тарғиботии бештар нашру паҳн хоҳад кард.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 39 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт кардааст.

Ин ниҳод теъдоди умумии афроди гирифтор ба коронавирусро аз оғози пандемия то кунун дар Тоҷикистон 12428 нафар ҳисоб кардааст.

Аз ин беморӣ, ба гуфтаи Вазорат, давоми ҳашт моҳи ахир танҳо 87 нафар фавтидааст.

Оморе, ки коршиносон ба он шубҳа доранд ва теъдоди воқеии гирифторон ва фавтидагонро ба маротиб бештар медонанд.

XS
SM
MD
LG