Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Панҷкент як "Маркази зебоӣ" сӯхтааст. ВИДЕО


Сӯхтор дар як "Маркази зебоӣ" дар Панҷакент
Сӯхтор дар як "Маркази зебоӣ" дар Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент бинои дуошёнаи як “Маркази зебоӣ” оташ гирифтааст.

Ҳодиса соати 8-и субҳи 6-уми декабр рӯх додааст. Корбарон бо ирсоли навори лаҳзаи сӯхтор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мошинҳои оташнишонӣ ба маҳали сӯхтор дер расиданд ва сари вақт онро хомӯш карда натавонистанд.

Абдуҷаббор Шодмонзода, сардори бахши Хадамоти оташнишонӣ дар Панҷакент дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва алангаи оташро хомӯш карданд.

“Мо зуд рафтем ва оташро хомӯш кардем. Зарари сӯхтор ва сабаби он ҳоло маълум нест”,--гуфт ӯ.

Маъмулан, дар зимистон сӯхтори манзилҳои зист ва корхонаву муассисаҳо дар Тоҷикистон бештар мешавад. Мақомот мегӯянд, дар аксар ҳолат сокинон ҳангоми гарм шудан қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд ва ин боиси сӯхтор мешавад.

XS
SM
MD
LG