Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти сафар ба Қирғизистон бекор шуд


Дар Бишкек ҳангоми вуруд ба муассисаҳо ҳарорати бадани сокинон санҷида мешавад
Дар Бишкек ҳангоми вуруд ба муассисаҳо ҳарорати бадани сокинон санҷида мешавад

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки маҳдудиятҳо вобаста ба коронавирусро лағв мекунанд ва ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳаққи вуруд медиҳанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 5-уми декабр дар як изҳорот гуфт, ки хориҷиён метавонанд аз тариқи фурудгоҳҳои байналмилалии Манас, Ош ва Иссиқкӯл вориди ин кишвар шаванд.

Мусофирон ҳангоми вуруд ба Қирғизистон бояд бо худ натиҷаи озмоишеро дошта бошанд, ки гирифтор набудани онҳоро ба коронавирус исбот кунад. Мӯҳлати ин маълумотномаи тиббӣ набояд аз 72 соат бештар бошад. Агар ин мӯҳлат гузашта бошад, шаҳрвандони хориҷӣ имкони супурдани ташхис дар фурудгоҳро низ доранд.

Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки моҳи март пас аз хуруҷи коронавирус марзҳояшро баст.

Дар пасманзари бекор кардани маҳдудияти вуруд ба Қирғизистон мақомот гуфтанд, ки нозирони хориҷӣ барои назорати интихоботи порлумонӣ ва президентӣ ба ин кишвар меоянд.

Интихоботи президентӣ ва порлумонии Қирғизистон 10-уми январи соли оянда баргузор мешавад.

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, 75 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтааст ва 1290 нафар аз сироят ба ин вирус фавтидааст.

XS
SM
MD
LG