Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико панҷ барномаи муштаракро бо Чин бекор кард


Майк Помпео
Майк Помпео

Иёлоти Муттаҳида панҷ барномаи муштаракро бо Чин бекор карда ва гуфтааст, Пекин мехост аз онҳо ҳамчун дастгоҳи таблиғотӣ истифода кунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 4-уми декабр гуфт, ин барномаҳо ҳамчун мубодилаи фарҳангу омӯзиши дуҷониба ёд мешуданд.

Помпео дар идома гуфт, панҷ барномае, ки бекор шуд, ба мақомҳои ҳизби коммунисти Чин иҷозаи дастрасии бештар ба масоилро медод, на ба мардуми ин кишвар.

Пеш аз ин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯйи масоили тиҷоратӣ бо Чин ва саркӯби эътирозҳо дар Ҳонгконг ихтилофҳои зиёд дошт. Вай ҳамчунон аз паҳншавии коронавирус аз Чин ва бархӯрди ин кишвар бо уйғурҳо норозист.

XS
SM
MD
LG